Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Uzbekistan Airways" парвозҳои байналмилалиро то охири август бекор кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ширкати ҳавопаймоии Узбекистон (Uzbekistan Airways) дар бораи лағви парвозҳои байналмилалӣ ва як қисми парвозҳои дохилие хабар дод, ки қарор буд аз 16 то 31-уми августи имсол анҷом шаванд.

Ба огаҳии ширкат, парвозҳои чартерӣ бар асоси ҷадвали тасдиқшуда сурат хоҳанд гирифт.

"Uzbekistan Airways" гуфтааст, тасмими бекор кардани парвозҳо бо назардошти вазъи эпидемиологӣ дар кишварҳои дигар ва марказҳои маъмурии худи Узбекистон гирифта шудааст.

Ёдрас мешвем, "Uzbekistan Airways" аз 16-уми августи имсол парвозҳоро дар масири "Тошканд-Нукус" ва "Тирмиз-Урганҷ" аз сар гирифта буд.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо коронавируси нав дар Узбекистон, қарор аст, рӯзҳои наздик шаҳрвандони ин кишвар аз Амрико, Куриёи Ҷанубӣ, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Беларус баргардонида шаванд. Барои баргардонидани онҳо аз 15 то 30-юми август 23 парвози чартерӣ ё ғайринақшавӣ дар назар аст.

XS
SM
MD
LG