Отабек Умаров, домоди хурдии Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон хабар дод, ки аз мақоми президентии Федератсияи муҳорибаҳои омехта (ММА) ва Федератсияи триатлон ё варзиши омехтаи иборат аз дучархасаворӣ, даву шиноварии ин кишвар канор рафт.
Ба огаҳии Кумитаи миллии олимпии Узбекистон, 14 август дар ҷаласаи якҷояи ҳар ду федератсияҳо истеъфои Умаров пазируфта шудааст.
Ёдрас мешавем, Отабек Умаров моҳи марти соли 2019 раиси Федератсияи триатлон ё варзиши омехтаи иборат аз дучархасаворӣ, дав ва шиноварии Узбекистон ва моҳи ноябри соли гузашта президенти Федератсияи муҳорибаҳои омехта интихоб шуда буд.
Ба иттилои манбаъ, котиби Шӯрои амнияти Узбекистон Виктор Маҳмудов раиси Федератсияи триатлон ва вазири дифои ин кишвар Баҳодур Қурбонов президенти Федератсияи муҳорибаҳои омехта интихоб шудаанд.
Домоди хурдии Мирзиёев ҳамзамон муовини аввали раиси Хадамоти амнияти президенти Узбекистон низ ҳаст.