Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон аз 8 ҳазор нафар гузашт


Акси як навъи ваксинае, ки зидди коронавирус ихтироъ шудааст
Акси як навъи ваксинае, ки зидди коронавирус ихтироъ шудааст

Шумораи гирифторони коронавируси нав дар Тоҷикистон, ба иттилои расмӣ, аз 8 ҳазор нафар гузашт.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар як рӯзи ахир 40 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирусро сабт кардаанд ва теъдоди гирифторони ин вирус ба 8 ҳазору 29 нафар расидааст.

Тоҷикистон охири моҳи апрел пас аз фавти чанд сокин бо нишонаҳои "илтиҳоби шуш" вуҷуди коронавирусро дар кишвар эътироф кард.

То ҳол бар асоси иттилои расмӣ 64 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. Ба гуфтаи Вазорати тандурустӣ 6815 нафар шифо ёфтаанд.

Дар феҳрасти ғайрирасмии қурбониёни эҳтимолии COVID-19 ва илтиҳоби шуш номи беш аз 440 нафарро дарҷ кардаанд. Мақомот ин рӯйхатро қабул надоранд ва мегӯянд, ҳоло вазъи вобаста ба коронавирус дар кишвар муътадил аст.

Коршиносон мегӯянд, танҳо онҳое ҳамчун гирифтори коронавирус сабт мешаванд, ки ташхис месупоранд. Шумораи аслии гирифторони ин беморӣ ва фавтидагонро бамаротиб бештар медонанд.

XS
SM
MD
LG