Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзноманигори узбекистонӣ Бобомурод Абдуллоевро то 8 сентябр ба ҳабс гирифт.
Тимур Султонов, вакили мудофеи Абдуллоев гуфт, ки аз қарори додгоҳ розӣ нест. "Мо, вакилони мудофеъ бар ин назарем, ки қарори додгоҳ ғайриқонунӣ ва беасос аст. Аз ҳамин хотер ба додгоҳи шаҳрӣ шикоят мебарем", - гуфт вай.
Намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, ки Бобомурод Абдуллоевро рӯзи 8 август бо дархости Узбекистон боздошт кардаанд.
Ба гуфтаи вакили мудофеи рӯзноманигор, Абдуллоев дар Узбекистон бо моддаи "Бадномсозии президенти Узбекистон" ва "Бадномсозии сохти конститутсионии Узбекистон" айбдор мешавад.
Бобомурод Абдуллоев моҳи сентябри соли 2017 аз сӯи мақомоти амниятии Узбекистон дар шаҳри Тошканд боздошт шуда буд. Ӯро дар навиштани мақолаҳо зидди сохтори конститутсионии Узбекистон бо номи мустаор айбдор карданд.
Додгоҳ моҳи майи соли 2018 Абдуллоевро ба 1,5 соли корҳои ислоҳӣ маҳкум ва аз толори додгоҳ раҳо кард.
Бобомурод Абдуллоев бо даъвати Донишгоҳи амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ барои таҳсили муваққат ба шаҳри Бишкек омада буд. Аммо баъди анҷоми таҳсил ба далели баста шудани марзҳо натавонист, ки ин кишварро тарк кунад.