Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: Ваксинаи COVID-19 эҳтимолан қабл аз интихоботи 3-юми ноябр омода мешавад


Доналд Трамп рӯзи панҷшанбеи 6-уми август гуфтааст, ин имкон вуҷуд дорад, ки ваксинаи коронавирус то қабл аз савуми ноябр, рӯзи интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико, омода шавад.

Оқои Трамп, ки дар як барномаи радиоӣ суҳбат мекард, дар посух ба ин пурсиш, ки чӣ вақт ваксинаи коронавирус омода хоҳад шуд, гуфт, "хеле зудтар аз поёни сол, хеле зудтар".

Мусоҳибакунанда дар идома пурсид, "зудтар аз савуми ноябр?". Раиси ҷумҳури Амрико дар посух гуфт, "фикр мекунам дар бархе аз мавридҳо бале, қабл аз севуми ноябр ин имкон вуҷуд дорад".

Интихоботи президентии Амрико рӯзи савуми ноябри имсол баргузор хоҳад шуд. Доналд Трамп дар ин интихобот бо Ҷо Байден, номзади эҳтимолии демократҳо рақобат хоҳад кард.

Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, паёмадҳои бӯҳрони коронавирус барои иқтисоди Амрико бисёр густурда будааст ва Доналд Трамп дар талош аст фаъолиятҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ аз сар гирифта шавад ва мактабҳо боз шаванд. Тибқи ин гузориш, ҳамакнун рӯзона беш аз ҳазор нафар дар Амрико бар асари гирифторӣ ба коронавирус ҷони худро аз даст медиҳанд.

Раиси муассисаи миллии бемориҳои уфунии Амрико рӯзи чаҳоршанбе гуфта буд, ки эҳтимолан ваксинаи корона то поёни соли нав омода хоҳад шуд. Вай ҳамчунин ҳафтаи гузашта дар Маҷлиси намояндагони Амрико ба вакилон итминон дод, ки ба маҳзи тайиди ваксинаи корона, ҳамаи амрикоиҳо дар як давраи муайян ба он дастрасӣ хоҳанд дошт.

XS
SM
MD
LG