Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни таркиши Бейрут ба 145 нафар расид


Таркиш ин бандар дар шаҳри Бейрутро ба замин яксон кард.
Таркиш ин бандар дар шаҳри Бейрутро ба замин яксон кард.

Вазорати тандурустии Лубнон рӯзи 6-уми август хабар дод, ки шумораи қурбониёни таркиш дар бандари Бейрут ба 145 расидааст ва на кам аз 5000 нафар дар ин ҳодиса захмӣ шудаанд.

Бино ба гузоришҳо, садҳо нафар ҳам беному нишонанд. Ихтиёриёни Салиби Сурхи ҷаҳонӣ дар вайронаҳо машғули ҷустуҷӯи одамон ҳастанд ва мегӯянд, интизор меравад шумораи қурбониён афзун шавад.

Фармондори Бейрут Маврон Аббуд мегӯяд, наздик ба 300 000 нафар аз ин таркиш бехонумон шудаанд ва ба шаҳр аз 10 миллиард то 15 миллиард доллар зарар расидааст. Ба гузориши “Ассошиэйтед Пресс”, бисёрии мардуми Бейрут акнун дар ҷустуҷӯи хешовандони гумшудаи худ, дармони ҷароҳатҳо ва вайронаҳои хонаҳои худ ҳастанд.

Полиси Лубнон ва муфаттише, ки дар бораи таркиши рӯзи сешанбе дар Бейрут пажӯҳиш мебарад, бедиққатӣ дар анбори моддаи таркандаро сабаби эҳтимолии ин рӯйдод медонад. Шабакаи хабарии Fox News менависад, назорати бештари амалиёт дар бандари Бейрут ғайрирасмӣ дар дасти Ҳизбуллоҳ аст.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, давлати Лубнон ба як “кумитаи таҳқиқотӣ” чор рӯз фурсат додааст, то гунаҳкорони асосии ҳодисаро пайдо кунад.

Президенти Лубнон Мишел Аун дар ҷаласаи фавқулодаи ҳукумати Лубнон рӯзи 5-уми август гуфт, ки барои ду ҳафта бояд вазъияти фавқулодда эълом шавад. Сарвазир Ҳасан Диаб низ рӯзи чоршанберо рӯзи мотами умумӣ эълон кард.

XS
SM
MD
LG