Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як афсар дар Узбекистон бо айби латукӯби кудаки 2,5-сола зиндонӣ шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллии Узбекистон, дар Тошканд як афсари Горди миллии он кишвар кӯдаки 2,5-солае аз пайвандони ҳамсарашро то дами марг латту кӯб кардааст.

Модари кӯдаки латукӯбшуда ба муҳоҷират ба Туркия рафта, писари 2,5-соларо дар тарбияи хоҳараш гузоштааст. Афсари Гори миллии он кишвар дар лаҳзаҳои сархушӣ ҳамсараш ва он кӯдакро мудовим латту кӯб мекардааст. Дар ҷараёни яке аз чунин латту кӯбҳо кӯдак фавтидааст.

Баъд аз фавти кӯдак афсар ба ҳамсараш дастур додааст, ки ба дигарон бигӯяд, кӯдак аз нардбон афтоду мурд.

Аммо табибон ташхис доданд, ки кӯдак аз нардбон науфтодааст, балки дар натиҷаи латукӯб фавтидааст.

Мақомот тафтишро шуруъ ва додгоҳ афсари Горди миллиро дар марги кӯдак айбдор дониста, 19 сол зиндонӣ кард.

XS
SM
MD
LG