Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доруе, ки дар Бейрут таркид, моли тоҷири рус будааст


Оташнишонҳо дар маҳалли таркиш.
Оташнишонҳо дар маҳалли таркиш.

Бино ба гузоришҳо, миқдори зиёди нитрати аммоний, ки рӯзи 4-уми август дар Бейрут таркид, солҳо пеш аз киштиии Игор Гречушкин, як тоҷири рус мусодира карда буданд.

Муҳаммад Фаҳмӣ, вазири умури дохилии Лубнон ба яке аз телевизионҳои дохилӣ гуфт, ки дар натиҷаи таркиш 100 нафар ҳалок ва ҳазорон каси дигар захмӣ шуданд.

Таркиши тақрибан 2700 тонна доруи минералӣ пойтахти Лубнонро такон доду хонаҳои зиёди атрофро нобуд кард. Ҳассан Диёб, нахуствазири Лубнон гуфт, баъди мусодираи нитрати аммоний дар соли 2014 онро дар як анборе нигаҳ доштаанд ва меъёрҳои амниятиро риоят накардаанд.

Ӯ афзуд, онҳое, ки бемасъулиятӣ нишон додаанд, ҷазо мегиранд. Игор Гречушкин, як тоҷир аз шаҳри Хабаровски Русия ҳоло дар Қибрис зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG