Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши Бейрут консул ва бинои сафорати Қазоқистон осеб дидааст


Намое аз шаҳри Бейрут пас аз таркиш. 5 август, 2020.
Намое аз шаҳри Бейрут пас аз таркиш. 5 август, 2020.

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки дар натиҷаи таркиш дар шаҳри Бейрути Лубнон консули ин кишвар "захми на он қадар ҷиддӣ" бардоштааст. Кормандони боқӣ он замон бинои сафоратро тарк карда буданд, зеро соати корӣ ба поён расида буд. Бинои худи сафорат низ осеб дидааст.

Дар шаҳри Бейрут 4 август таркиши бузурге рух дод, ки дар натиҷаи он даҳҳо нафар кушта ва ҳазорон тани дигар захмӣ шудаанд.

Ҳасан Ҳамад, вазири тандурустии Лубнон ва мақомҳои дигари ин кишвар гуфтаанд, ҳадди ақал 78 нафар дар пайи ин таркиш кушта шуда, наздик ба чаҳор ҳазор нафар захм бардоштаанд. Ҳасан Ҳамад афзудааст, омори талафот афзоиш хоҳад ёфт ва ин омори ибтидоӣ аст.

Ба гузориши хабаргузориҳо, садои таркиш ба андозае шадид будааст, ки дар ҳама гӯшаҳои шаҳр ва минтақаҳои атрофи он шунида шудааст. Шабакаҳои хабарӣ мегӯянд, шумори зиёде аз хонаҳо дар наздикии маҳали таркиш комилан вайрон шудаанд.

Генерал Аббос Иброҳим, мудири кулли Идораи амнияти умумии Лубнон дар бораи ин таркиш ба шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира гуфтааст, "Ончи дар Бейрут рух дод, инфиҷори маводи таркандаи оташбозӣ ё тарфгарӣ (хлопушка) набуд, балки таркиш дар маҳали нигаҳдории маводи қобили таркиш буд, ки тайи солҳои ахир дар инҷо нигоҳ дошта мешуд".

Дар ҳамин ҳол, расонаҳо ва мақомҳои лубнонӣ мегӯянд, бори ду ҳазору 750 тоннаии нитрати аммоний, ки тайи шаш соли гузашта дар бандари Бейрут боз дошта шуда буд, боиси таркиши бузург дар пойтахти Лубнон шудааст. Генерал Аббос Иброҳим таъкид кард, ки бидуни анҷоми таҳқиқот наметавон иддао кард, ки таркиш як иқдоми террористӣ будааст.

XS
SM
MD
LG