Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот нагузоштанд, Тихановская гирдиҳамоӣ баргузор кунад


Мақомоти интизомӣ рӯзи 4-уми август иҷоза надоданд дар шаҳри Салигорск, гирдиҳамоии мухолифон сурат бигирад.
Мақомоти интизомӣ рӯзи 4-уми август иҷоза надоданд дар шаҳри Салигорск, гирдиҳамоии мухолифон сурат бигирад.

Мақомоти Беларус дигарбора иҷоза надодаанд, ки Светлана Тихановская, номзад ба мақоми раиси ҷумҳур чорабиниҳои таблиғотии интихоботӣ баргузор кунад, чун ба гуфтаи онҳо дар маҳалли гирдиҳамоиҳо корҳои сохтмонӣ сурат мегирад. Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 9-уми август баргузор мешавад.

Дар шаҳри Слутск, 100 километрии ҷануби Минск мақомот рӯзи 4-уми август гуфтанд, маҳалле, ки бояд гирдиҳиҳамои мухолифон сурат мегирифт, ба таъмири фаврӣ зарурат дорад. Маркази ҳуқуқии “Весна” гуфт, ки маъмурони амниятӣ ва пулис камаш 17 нафар аз тарафдорони мухолифонро дастгир карданд, ки барои ширкат дар гирдиҳамоӣ ҷамъ омада буданд.

Светлана Тихановская ҳамчунин маҷбур шуд, як ҳамоиши дигареро дар шаҳри Салигорск лағв кунад. Дар майдони варзишие, ки гирдиҳамоӣ сурат мегирифт, экскаватор оварда ва нақб кандаанд. Пулис инҷо омада, мардумро пароканда карда ва 5 нафарро бурдааст.

XS
SM
MD
LG