Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари Азизбеки 18-сола мегӯяд, гунаҳкорони марги писараш ҷазо гиранд. ВИДЕО


Азизбек Раҷабов, сокини ноҳияи Айнӣ, ки дар занозанӣ маҷруҳ шуда, дар бемористон ҷон бохт

Азизбек Раҷабов, сокини ҳаждаҳсолаи ноҳияи Айниро, ки ҳангоми задухӯрди наврасон ҷароҳат бардошта, дар бемористон даргузашт, рӯзи 4-уми август дар деҳаи Ревади Поён дафн карданд. Ӯ барои таҳсил дар Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон омодагӣ медид.

Занозанӣ 31-уми июл (рӯзи Иди Қурбон) дар деҳаи Ёвони ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ иттифоқ афтодааст.

Мақомот ангезаҳои задухӯрдро таҳқиқ доранд. Волидони Азизбек Раҷабов талаб доранд, ки омилони марги писарашонро ба ҷавобгарӣ кашанд.

Масъулони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Айнӣ рӯзи 4-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, чанд ҷавонро дастгир кардаанд. Муллонасим Носиров, корманди Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Айнӣ, гуфт, "тафтишот оғоз шудааст ва то анҷоми он аз шарҳи ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ меварзанд."

Сабаби аслии муноқишаи маргбор то ҳол мушаххас нашудааст. Танҳо аз ҳарфҳое, ки модари Азизбек Раҷабов ва пайвандони дигараш мегӯянд, "хусумати байни деҳаҳои Ревад ва Ёвони ноҳияи Айнӣ аст".

Мақомот номи шахсони дастгиршударо намегӯянд ва бинобар ин назари тарафи дигар феълан дастнорас аст.

Нурбибӣ Самиева, модари Азизбек Раҷабов, ба Радиои Озодӣ гуфт, имсол писараш мактаби миёнаро хатм карда, имтиҳонҳои Маркази миллии тестиро супурда буд ва бояд 3-юми август ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи аграрӣ месупурд. "Ӯ ҳамроҳи се ҳамсолаш ба Душанбе мерафт ва интизори таксӣ буд. Ман аз ӯ хостам, ки то омадани таксӣ харро биёрад. Рафту бо тани маҷруҳ оварданд", -- нақл кард ӯ.

Падари Азизбеки 18-сола мегӯяд, гунаҳкорони марги писараш ҷазо гиранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Падари Азизбек дар муҳоҷирати корӣ дар Русия аст ва бинобар баста будани марзҳо натавонист дар маросими дафни писараш иштирок кунад.

Нурмурод Раҷабов дар наворе ба Радиои Озодӣ гуфт, "аз мақомоти интизомӣ мехоҳам, ки ҳодисаро ҷиддан таҳқиқ кунанд ва омилони марги фарзандамро дастгир намудаву ҷазо диҳанд."

Занозанӣ миёни наврасону ҷавонон дар солҳои охир ба яке аз мушкилоти доғ табдил ёфтааст. Дар чунин занозаниҳо гоҳе ҷавонон аз корду силоҳҳои дигар истифода мекунанд ва ба захмӣ шудан ё марги якдигар сабаб мегарданд.

Ахиран дар ҷараёни як тафтиши ҷавонони мактабҳои пойтахти Тоҷикистон се корду навъҳои дигари силоҳи сард ёфтаву мусодира кардаанд.

Соли гузашта ҳангоми занозании ду гурӯҳи наврасон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе камаш 20 нафар дастгир шуда буд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (14)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG