Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фазопаймои Амрико аз кайҳон бо муваффақият фуруд омад


Роберт Бенкен аз чап ва Дуглас Ҳарли аз рост.
Роберт Бенкен аз чап ва Дуглас Ҳарли аз рост.

Фазопаймои SpaceX Crew Dragon рӯзи 2 -уми август ду кайҳоннаварди амрикоиро бо муваффақият аз Истгоҳи Байналмилалии Кайҳонӣ ба замин баргардонд. Фазопаймо, ки дар обҳои Халиҷи Мексика фуруд омад, ҳам барои Оҷонси Кайҳоншиносии Амрико ва ширкати SpaceX – и Элон Маск комёбӣ ба ҳисоб меравад, чун дигарбора имкон дод, Иёлоти Муттаҳида мустақилона кайҳоннавардонашро ба кайҳон фиристода ва баргардонад.

Дар таърихи Амрико ҳам бори аввал аст, ки фазопаймои сохтаи ширкати хусусиро барои чунин маъмуриятҳо истифода мебаранд. Амрико аз соли 2011 то кунун бо истифода аз мушакҳои “Союз”- и Русия кайҳоннавардонашро ба Истгоҳи Байналмилалии Кайҳонӣ мефиристод. Амрико дар он сол аз партоби чунин фазопаймоҳо даст кашид.

Кайҳоннавардони амрикоӣ Дуг Ҳарлӣ ва Боб Бенкен рӯзи 31-уми май ба истгоҳи мазкур ворид шуданд. Онҳоро фазопаймои SpaceX Falcon 9 аз Пойгоҳи Кайҳонии Кеннеди дар Флорида партоб карданд.

XS
SM
MD
LG