Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко мегӯяд, гуруҳи боздоштшуда "ҳадафи дигар"  дошт


Александр Лукашенко, президенти Белорус бо раҳбари КГБ ва раҳбари Кумитаи тафтишотии кишвараш
Александр Лукашенко, президенти Белорус бо раҳбари КГБ ва раҳбари Кумитаи тафтишотии кишвараш

Александр Лукашенко, президенти Белорус гуфтааст, ки кишвараш омодаи ҳамкорӣ бо Русия дар робита ба боздошти 33 шаҳрванди ин кишвар аст. Дар ин бора хабаргузории русии ТАСС хабар додааст.

Ҳафтаи гузашта дар Белорус 33 шаҳрванди Русияро боздошт карданд, ки ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, онҳо дар остонаи интихоботи президентӣ ҳадафи тахрибкорӣ доштанд. 9-уми август дар Белорусия бояд интихоботи президентӣ баргузор шавад.

Хабаргузории белорусии БЕЛТА навиштааст, ки Александр Лукашенко ҳисоботи раҳбари КГБ ва Кумитаи тафтишотро дар бораи боздошти 33 нафар шунидааст.

Лукашенко бисёре аз далелҳои парвандаро "ҷолиб" хондааст. Ба гуфтаи тафтишот, бештари боздоштшудаҳо гуфтаанд, ки гуё ба Туркия сафар доштанд.

Лукашенко ин далелро беасос хонда гуфтааст, боздоштшудаҳо "ҳадафҳои дигар" доштанд. Ба гуфтаи ӯ, тафтишот ҳадафҳои онҳоро дақиқ хоҳад кард.

Мақомоти Русия ҳанӯз ба ин гуфтаи Лукашенко вокуниш накардаанд.

Александр Агафонов, раҳбари гуруҳи тафтишотӣ ба хабаргузории БЕЛТА гуфтааст, ки бо 33 нафари боздоштшуда сӯҳбат кардаанд.

11 нафар гуфтаанд, ки мақсад доштанд, аз тариқи Белорус ба Венесуэла, 15 нафар ба Туркия, ду нафар ба Куба ва як нафар ба Сурия раванд. Як нафар ба куҷо рафтанашро гуфта натавонистааст.

Се нафари дигар аз додани нишондод худдорӣ кардаанд.

Мақомот мегӯянд, аксари боздоштшудаҳо дар даст билети парвоз ба самти Туркияро доштанд, вале дар амал чунин ният надоштанд.

Мақомоти Белорус ишора мекунанд, ки Русия ҷангиёни ширкати хусусии "Вагнер"-ро барои харобкорӣ ба Белорус фиристодааст. Ҳанӯз Русия ба ин вокуниш накардааст.

Ширкати ҷангиёни "Вагнер" дар ҷангҳои Сурия ва Либия тасдиқ шудааст.

Александр Лукашенко, ки аз соли 1994 раҳбар Белорус аст, боз мехоҳад дар интихобот иштирок кунад.

XS
SM
MD
LG