Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашраф Ғанӣ гуфт, 500 узви Толибонро аз зиндон озод мекунад


Суханронии Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон ба муносибаи Иди Қурбон. 31 июл, Кобул
Суханронии Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон ба муносибаи Иди Қурбон. 31 июл, Кобул

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ амр дод, ки ҳамчун амали хайр дар рӯзҳои оташбас 500 узви иловагии Толибонро аз зиндонҳо раҳо кунад. Оташбаси серӯза ба ифтихори Иди Қурбон аз ҷониби Толибон пешниҳод шуд ва ҳукумати Кобул онро дастгирӣ кард. Дар як суханронии телевизиониаш рӯзи 31 июл Ғанӣ гуфт, ки аз охири феврал ба ин сӯ 4600 узви Толибон аз зиндон озод шуданд. Бар асоси созиши сулҳи ИМА ва Толибон дар 29 феврали соли ҷорӣ, қарор аст ҳукумат 5 ҳазор узви Толибонро аз зиндонҳо озод кунанд. Ғанӣ гуфт, бо сабаби ин ки 400 зиндонии боқимонда ҷиноятҳои сангин содир кардаанд, ӯ салоҳияти озод кардани онҳоро надорад ва ин масъаларо бигузор Лоя Ҷирга – маҷлиси ришсафедон ҳал бикунад. Ғанӣ инчунин аз Толибон хост, ки ҳарчи зудтар ба музокироти сулҳ пайваст шаванд.

Толибон гуфтанд, ки бар асоси тавофуқ бо Вашингтон як ҳазор нафарро озод кардаанд.

Вале қабл аз фарорасии оташбаси 72-соата дар шаҳри Пули Алами вилояти шарқии Лугар дар паи таркиши маргталабонае дар миёни издиҳоми мардум нӯҳ нафар кушта шуд. Таркиш дар майдони Озодии шаҳр дар соатҳое рух дод, ки мардуми зиёде бо хариди пеш аз ид машғул буданд. Вазорати дифоъ дар изҳороте гуфт, ки тамоми қурбониҳо афроди мулкӣ буданд ва дар миёни онҳо занону кӯдакон низ буданд. Дар ин ҳодиса дар баробари 9 нафар кушташуда 40 нафар ҷароҳат бардоштанд. Бархе гузоришҳо шумори фавтидаҳоро 18 нафар гуфтанд. Оташбаси серӯза дар Афғонистон дар ҳоле шурӯъ шуд, ки фиристодаи ИМА барои Афғонистон Залмай Халилзод дар талоши шурӯи музокироти сулҳи миёни ду ҷониби рақиби Афғонистон мебошад.

XS
SM
MD
LG