Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коронавирус: Афзоиш дар Осиё, поинравии иқтисод дар ИМА


Навзоде дар Ветнам бо номи Пҳук Ан пеш аз озод шудан аз зоишгоҳ ба хотири пешгирӣ аз олудашавӣ ба коронавирус бо ниқоби махсус муҳофизат шудааст. 1 апрели соли 2020
Навзоде дар Ветнам бо номи Пҳук Ан пеш аз озод шудан аз зоишгоҳ ба хотири пешгирӣ аз олудашавӣ ба коронавирус бо ниқоби махсус муҳофизат шудааст. 1 апрели соли 2020

Чандин кишвар дар Осиё аз афзоиши ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус гузориш доданд. Дар ИМА, ки ҳамчунин афзоиши мавридҳои нави сироят мушоҳида мешавад, як таҳқиқот собит кардааст, ки бастани тиҷорату корхонаҳо ба хотири пешгирӣ аз коронавирус ба иқтисод зарбаи шадид задааст. Таҳқиқоти давлат мегӯяд, ки нахустин бор дар 70 соли охир дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ дар ИМА нишондодҳои иқтисодӣ хеле поин рафта, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин мудат тахминан 33 дарсад бо ҳисобҳои солона кам шудааст. Чин гуфт, ки маҳдудиятҳои сафар дар маркази вилояти Шинҷон ба хотири афзоиши ҳодисаҳои коронавирус сахттар мешавад ва Ветнам хабар дод, ки дар осоишгоҳи Дананг шумори олудашудаҳо ба 45 нафар расидааст. Ин омор бузургтарин нишондоди олудагии якрӯза дар Ветнам мебошад. Дар Филиппин президент Родриго Дуэрте рӯзи 31 июл гуфт, ки маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус дар Манила то миёнаҳои август пойбарҷо мемонад.

XS
SM
MD
LG