Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки тиббӣ ба Тоҷикистон - бахше аз ёриҳои ИА ва UNICEF


Моҳи май бахши аввали ёриҳои ИА тавассути UNICEF ба муассисаҳои беҳдоштии Тоҷикистон тақдим шуд
Моҳи май бахши аввали ёриҳои ИА тавассути UNICEF ба муассисаҳои беҳдоштии Тоҷикистон тақдим шуд

UNICEF ё Бунёди атфоли СММ ба Тоҷикистон баарои муқобила бо коронавирус дар ҳаҷми 8 тонна ёрии башарӣ тақдим намуд. Ин ёриҳо ба вазорати беҳдошти Тоҷикистон дода шуд. Дар хабари расмӣ гуфта мешавад, ки ин даври сеюми ёриҳои Итииҳоди Аврупо ба Тоҷикистон аст, ки бо кӯмаки UNICEF тақсим мешавад. Дар дохили ин кӯмакҳо маводи ҳимояти беҳдоштӣ аз олудашавӣ ба коронавирус мебошад, ки барои табибону кормандони тиб нигаронида шудааст. Кӯмакҳо ба муассисаҳои беҳдоштии саросари кишвар тақсим мешаванд. Ин ёриҳо бахше аз 64 тонна борест, ки дар чаҳорчӯби кӯмакҳои изтирории ИА ба Тоҷикистон дар амри муқобила бо коронавирус дода мешавад.

Дар Тоҷикистон, ки мақомот расман танҳо 30 апрел вуҷуди коронавирусро тасдиқ карданд, ҳамарӯза ҳудудан 50 ҳодисаи нави олудагӣ ба вируси нав ба қайд гирифта мешавад. То 30 июл шумори умумии олудашудаҳо 7320 нафар ва талафоти инсонҳо бар асари COVID-19 дар кишвар 60 нафарро ташкил додааст.

Вале дар ҷомеа нисбати омори расмӣ нобоварӣ вуҷуд дорад ва мунаққидон мегӯянд, шубҳа аз он ҷост, ки мақомот вуҷуди вирусро дар кишвар дер эътироф карданд ва то ҳол на ҳама ҳолатҳои гирифториву марг бар асари вируси навро ба омори расмӣ ворид мекунанд. Вазорати беҳдошти Тоҷикистон бо ин интиқодро розӣ нест ва омори расмиро дуруст ва санҷидашуда меномад.

Ёриҳои башарӣ ба табибон дар ҳоле тақдим мешавад, ки интиқодҳо аз набуди шаффофият ба ҳангоми тақдими ёриҳои башарӣ ва тақсими одилонаи онҳо ҳам гоҳо садо медиҳад.

XS
SM
MD
LG