Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вероника Тсапкала, ҳамсари як муддаии курсии президентии Беларус гуфт, хоҳарашро рабуданд


Вероника Тсапкала ба саволҳои журналистон дар Минск посух медиҳад. 30 июли соли 2020
Вероника Тсапкала ба саволҳои журналистон дар Минск посух медиҳад. 30 июли соли 2020

Вероника Тсапкала, ҳамсари як муддаии курсии президентӣ дар Беларус Валерий Тсапкала, ки ҳамроҳ бо фарзандонаш бо далелҳои амниятӣ аз кишвар берун рафтааст, гуфт, ки хоҳари ӯро афроди ношинос рабуданд. Вероника Тсапкала дар Беларус монда, ба номзади мухолифин Светлана Тихановская дар пешбурди маъракаи интихоботӣ кӯмак мекунад. Ӯ рӯзи 30 июл гуфт, ки афроди ношиносе бо либосҳои мулкӣ хоҳарашро аз як боғе дар Минск дуздида ба макони номаълум бурданд. Ӯ гуфт, ки маҳалли будубоши хоҳараш барои ӯ маълум нест. Тсапкала гуфт, ки ин ҳодисаро ҳамчун фишори пешазинтихоботӣ ба худу ҳамсараш арзёбӣ мекунад. Ӯ гуфт, ки ба раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил даъват шуд ва аз ӯ хостанд, ки зидди ҳамсараш баёнот диҳад. Тафтишот гуфтааст, ки ин даъват ба шикояти Седат Иғдеҷӣ, як соҳибкори турк рабт дорад, ки сиёсатмадори беларусро дар порагириву озор муттаҳам кардаанд. Тсапкала гуфт, хоҳараш дар “Белгазпромбанк” кор мекунад, ки раҳбари собиқи он Виктор Бабарика аст. Ин рақиби аслии интихоботии президент Александр Лукашенко баъди эълони ширкаташ дар интихоботи 9 август бо иттиҳоми хилофкориҳои молӣ муттаҳам ва боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG