Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як рӯзи рекордии дигари ИМА ва марги 1267 нафар аз коронавирус


Дар як боғе дар ИМА мардум бо риояи фосила истироҳат мекунанд
Дар як боғе дар ИМА мардум бо риояи фосила истироҳат мекунанд

Дар ИМА мақомот гуфтанд, ки дар як рӯзи гузашта дар ин кишвар 1267 нафар бар асари COVID-19 ҷон доданд ва ин дар ҳолест, ки ҳеҷ нишонае аз беҳтар шудани вазъ дар ҷануб ва ғарби кишвар ба назар намерасад. Шумори марги инсонҳо дар маҷмӯъ дар ИМА аз 150 ҳазор нафар гузашт. Дар се ҳафтаи ахир дар иёлоти Аризона, Калифорния, Флорида ва Техас афзоиши ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус мушоҳида мешавад. Омори ИМА чоряки шумори умумии қурбониёни коронавирус дар сайёраро ташкил медиҳад, ки то 30 июл ба 665 ҳазор нафар расид. Дар ҷаҳон то ҳол 17 миллион нафар ба вируси нав олуда шудаанд. Дуюм кишвари шадидан осебдида аз коронавирус Бразилия мебошад. Дар ин ҷо то имрӯз 90 ҳазор нафар ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG