Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Кумита гуфт, мухолифи омӯзиши хати форсӣ нест, вале зарурати бозгаштро намебинад. САДО


Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот (дар байн) ҳангоми нишасти матбуотӣ. Шаҳри Душанбе, 29-уми июли 2020
Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот (дар байн) ҳангоми нишасти матбуотӣ. Шаҳри Душанбе, 29-уми июли 2020

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфт, ки мухолифи омӯзиши хатти форсӣ нестанд, вале айни замон зарурати бозгашт ба онро намебинанд. Олимҷон Муҳаммадҷонзода рӯзи 29-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, "ҳар касе худро вориси адабиёти бузурги ҳазорсола медонад, бояд хатти ниёгонро донад ва омӯзад".

"Мо имрӯз имкон дорем, ки дар мактабҳои миёна ва марказҳои забономӯзӣ ё Интернет хатти форсиву арабиро аз худ кунем. Дар барномаи таълимии мактабҳои миёна ҳаст, чунки хатти ниёгони мову Шумост ва бояд онро донанд ва истифода баранд", -- афзуд ӯ.

Тоҷикистон соли 1928 аввал ба хатти лотинӣ ва соли 1940 ба ҳуруфи сириллик гузашт. Як гуруҳ аз рӯшанфикрони тоҷик бовар доранд, ки гузаштан ба хатти ниёгон Тоҷикистонро ба ҳавзаҳои илмиву адабии кишварҳои ҳамзабонаш – Эрону Афғонистон – наздик мекунад.

Аммо ба бовари мухолифони ин пешниҳод, ин масир кишварро аз роҳи рушд, баръакс, ба ақиб хоҳад андохт. Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, "бо таваҷҷуҳ ба он ки табдили хат аз нигоҳи иқтисодӣ мушкилии зиёд меорад, вақт металабад ва мардумро садсолаҳо ба ақиб мебарад, мантиқӣ нест. Мушкил, пеш аз ҳама, бознашр кардани санадҳо ва омода кардани мардум ба низоми нави хат аст. Барои аз як хат ба хати дигар гузаштан панҷоҳ-сад сол зарур аст."

Муҳаммадҷонзода дар суҳбатҳои худ ба таҷрубаи кишварҳои дуру наздик ишора кард, ки ба бовари ӯ баъд аз табдили хат "ба мушкил дучор шудаанд". Қазоқистон соли 2018 алифбои худро аз кириллӣ ба лотинӣ иваз кард. Аз он пеш Узбекистон ба алифбои лотинӣ гузашта буд.

Аммо тарафдорони гузаштан ба хатти форсӣ дар Тоҷикистон бовар доранд, ки масъала бештар решаҳои сиёсӣ дорад.

Раиси Кумитаи забон дар бораи хати форсӣ чӣ гуфт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:11 0:00
Линки мустақим

Баъзеҳо дар Тоҷикистон пешниҳод доранд, ки барои пеш наомадани мушкил ҳам хатти сириллик бимонад ва ҳам мардум хатти порсиро биомӯзанд. Қаблан Дориюши Раҷабиён, яке аз масъулони гуруҳи "Забони порсӣ", дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, "пешниҳоди худи мо ҳам ҳамин аст, вале ин давраи духаттӣ бояд маҳдуд ба замоне бошад, на ин ки номаҳдуд. Наметавон номаҳдуд ду хатро дошта бошед. Ё худи забон ва ё яке аз ин ду хат барчида хоҳад шуд."

Дар Тоҷикистон мавзӯи бозгашт ба хати ниёгон бахусус дар солҳои 80-ум зиёд матраҳ ва баррасӣ шудааст. Рӯшанфикрону фаъолони миллӣ хати сирилликро монеи рушди забон ва сабаби аз осори аслии ниёгон бебаҳра мондани насли Шӯравӣ меномиданд.

Нахустин қонуни забони Тоҷикистон соли 1989, вақте ки Шӯравӣ ҳанӯз побарҷо буд, тасвиб шуд ва ба тоҷикӣ (форсӣ) мақоми забони давлатӣ дод. Дар ин қонун барои табдили расмулхат низ 10 сол таъйин шуда буд, вале соли 1996 ин бандро аз қонуни забон ҳамроҳ бо пасванди форсӣ аз номи забони давлатӣ бардоштанд.

Дар қонуни нави забон, ки соли 2009 қабул шуд, мавзӯи табдили расмулхат аслан матраҳ нест ва танҳо дар яке аз бандҳои он омадааст, ки "Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши хати арабиасос ва табъу нашри адабиёт ба ин хат шароит фароҳам оварда мешавад."

Бо инки ҳукумати Тоҷикистон ҳеч гоҳ ба мавзӯи ислоҳи эҳтимолии ҳуруфи тоҷикӣ рӯ наовардааст, баҳсу баррасиҳо дар ин замина ҳамеша вуҷуд дошт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густарда идома дорад. Баъзе аз мансабдорони тоҷик дар изҳоротҳои алоҳида нисбат ба ин масъала ибрози назар кардаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG