Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далер Ғуфронов: Забони тоҷикӣ ва шикасти "Nokia"


Далер Ғуфронов, рӯзноманигори тоҷик

Масъалаи хат ва забон дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳар сари чанд гоҳе доғ мешавад ва ҳатто тобишҳои сиёсӣ мегирад. Бисёриҳо аз дуру наздик ба ин баҳс менигаранд ва ҳатман ба "ҷанги далелҳо" дидгоҳи худро доранд. Як дидгоҳи ҷолибро Далер Ғуфронов, сардабири пешини нахустин маҷаллаи муҷаллои тоҷикии "Элита" ва раҳбари лоиҳаи StartupStan CUP, ки ҳоло дар ИМА ба сар мебарад, ба миён гузошт. Бо иҷозаи дӯстонаи ӯ, ин навиштаашро ба таваҷҷуҳи хонандагони "Блогистон" пешкаш мекунем ва тавре ӯ мегӯяд, ин ҷо гуфтугӯ даркор аст, на кашокаш.

Далер Ғуфронов, рӯзноманигор ва соҳибкор

Забони тоҷикӣ ва шикасти "Nokia" ё чанд нукта перомуни имрӯзу ояндаи забон ва ҳувияти мо

(Навишта ҷиҳати гиромидошти рӯзи таърихии забонамон (22-юми июл)

#Рӯшантарин мисоле, ки имрӯз дар рафти баҳси забон ва хатти мо пеши назари банда меояд, ин рақобат миёни ширкатҳои "Nokia" ва "Apple" мебошад.

Аввалӣ телефони ҳамроҳро ҳамчун воситаи муошират густариш дод ва як муддат аз комёбтарин ширкатҳои олам буд, аммо дувумӣ истеҳсоли телефонҳои ҳамроҳро ҳамчун як платформа ё зерсохтор ба роҳ монд, ки ҳамчун василаи ҳушманд (ғайр аз муошират) вазифаҳои зиёди дигареро низ инак иҷро мекунанд. Дар натиҷа, маҳз истеҳсоли ҳамин смартфонҳо боис гардид, ки асли иқтисодиёти ҷаҳон тағйир хӯрда (!), он бештар хусусияти рақамӣ гирад.

Яъне бо истифода аз ин технология (зерсохтор) ҳазорон нафар маҳсули зеҳнии худро ба бозор бароварданд (манзур Apple store ва Play Market аст).

Ин мисол чи рабти мустақиме бо забони мо дорад??

Воқеият ин аст, ки имрӯз забони мо ҳамагӣ як вазифаро иҷро мекунад, яъне муошират кардан (мисли Nokia 😢)! Он ҳам бошад муоширати кӯчагӣ ва аксар вақт олудаи ҳақорат...

Аммо забон дар воқеъ он гоҳ устувор ва пойдор хоҳад буд, ки агар он унсури аслии иқтисодиёт, фарҳанг ва иҷтимоиёт бошад.

#Суоли аслие, ки ҳоло дар зеҳнам чарх мезанад, ин аст:
Бо ин хатту забон (ғайр аз суруду мусиқӣ) мо чӣ маҳсулоте истеҳсол кардаем??

Чун забон рукни аслии ақлу идроки мост, кундии зеҳнамон пас рабт мегирад ба кундии забондониямон. Мо ки ҳоло аслан як миллати истеъмолкунанда ҳастем (на истеҳсолгар), ин ҳам решааш ҳамон ҳувият ва сатҳи забондониямон аст. Зеро зеҳн ва ақли кунди мо танҳо сарфаҳми истеъмолро меравад, на тавлиди арзишҳоро... Чи арзишҳои моддӣ, чи маънавӣ...

Чаро забондониямон гуфтам? На ин ки забонамон? Зеро дарвоқеъ ин забон зарфияти таърихиву фарҳангии фаровоне дорад, ки ба назар мерасад мо дар як пасткучааш дармондаем...

#Биёед бубинем, ки имрӯз дар амал ин забон дар рӯзгори мо чи нақше дорад?

Бигирем дар фазои иқтисодӣ, маҳз бахши соҳибкорӣ, аз камтарин ширкатҳое, ки ба забону ҳувиятамон пойбандии усулии худро нишон медиҳанд, ин тими Алиф аст! Итминон дорам, ки яке аз омилҳои муваффақияти онҳо низ ҳамин нукта аст, зеро онҳо бо мардуми оддӣ бо забону фарҳанги худаш соддаву равон гуфтугӯ доранд.

Дар фазои технологии кишвар бошад, аз посдорони забонамон Asomiddin Atoev бо тими худ ҳастанд, ки дар маърузаҳои коршиносияшон аксаран гузинаи сирф тоҷикии мафҳумҳои нави техникиро васеву фаҳмову равон истифода мебаранд ва ин талошҳо воқеан сутуданиянд.

Бо ин мисолҳо гуфтан мехоҳам, ки заъф аслан дар зеҳни худи мост, на дар асли забонамон (ки аксаран онро балад нестем, чун зарфияти комили он мавриди истифодаи мо қарор надорад).

#Вақте мо маҷаллаи муҷаллои худро бо забони тоҷикӣ нашр мекардем, рӯзе чанд бону аз "Тоҷиксодиротбонк" занг зада гуфтанд: мо дар вақташ боғчаи русӣ рафтем, мактабу донишгоҳро низ нимрусиву нимтоҷикӣ хондем, яъне забони тоҷикиро хуб намедонем, аммо нав фаҳмидем, ки ба забони тоҷикӣ "журнали глянцевый" ҳам чоп кардан мумкин будаст, мо фикр мекардем дар тиҷорат фақат барои бозори "Корвон" забони тоҷикӣ лозим мешаваду халос. Хуллас, онҳо яке аз маводҳои моро хонда мазмуни онро фаҳмидаанд ва изҳори сипос карданд...

#Боре яке аз дӯстони қазоқам аз қавли сафири худашон дар Кобул сухани ҷолиб гуфт. Сафир, ки марди ҳушманде будааст, гуфтааст, ки ба мардуми Тоҷикистон ҳасадам меояд, чун барои онҳо бозори 30-миллионнафараи Афғонистон як майдони басо ояндадорест. Аммо воқеият ин аст, ки имрӯз мо аз ин имконот бисер кам истифода мебарем, то ҷое иттилоъ дорам, аслан қувваи барқ, пахта ва семент содир менамоему халос. Ҳоло он, ки дар замони муосир, рукни аслии иқтисоди рақамӣ маҳз маҳсулоти зеҳнист! Дар ин замина, мо то ҳол коре накардаем. Худро, ки миллати шоиру нависандаҳо меномем, аммо имрӯз ман шахсан иттилоъ надорам, ки нафаре аз шоиру нависандагони муосири мо онҷо харидоре дошта бошад...

#Хуллас то замоне, ки забони мо аз воситаи муоширати хушк ба зербинои истеҳсолии маҳсулоти зеҳнӣ ва моддиямон мубаддал нагардад, дурнамои он норӯшан мемонад.

Вақте мо дурнамо мегӯем, 50-100 соли ояндаро дар назар дорем. Чаро забони форсӣ масофаи беш аз 1000-солаи таърихро новобаста аз ҳама мушкилоту монеаҳо паси сар карда тавонист? Зеро бо ин забон шоҳкорҳое эҷод шудаанд, ки 1000 соли дигар ҳам онро ҳифз хоҳанд кард! Аммо имрӯз мо бо забони муосири тоҷикӣ чи истеҳсол кардаем? Ҳар маводе истеҳсол шуд, аслан дар замони Шӯравӣ буд (зеро пас аз шикасти ҳувияти суннатии мо барои Шӯравӣ лозим буд, то ҷойгузинеро роҳандозӣ кунад, пеш аз ҳама барои ташвиқу тарғиби идеологияи худаш). Ҳоло бошад мо "инерсия"-и ҳамон забону фарҳангро мебинем, ки то замони охирин намакхурдаи шӯравӣ идома хоҳад кард. Баъд чи мешавад, ростӣ барои шахсан ман номаълум аст...

#Яке аз масъалаҳои мубрами дигар, ин ояндаи норӯшани муколама миёни мо ва тоҷикони Узбекистону Афғонистон аст. Мо, ки ҳамагӣ тоҷик ҳастем, оё ҳадди ақал дар фазои маҷозӣ (!) метавонем ҳамчун миллат воҳид бошем? Оё имрӯз чи корҳоеро дар ин самт анҷом дода истодаем, ки ҳадди ақал як ҳавзаи воҳиди фарҳангиро дошта бошем? Оё мо медонем, ки будани тоҷикони Афғонистон бо мавқеи устувори худ барои тамаддуни мо дар минтақа то чи ҳад муҳим аст?

Оё Самарқанду Бухоро, Балху Ҳироту Нишобур ҳамчун пойдевори аслу насаби мо аз вуҷуди мо куллан, ҳатто маънаван ҳам зудуда хоҳанд шуд? Барои муколамаи ояндаи миёни худ мо кадом забон/хатро асос хоҳем дошт?

Дар интиҳо ҳамин нуктаро мехоҳам таъкид намоям, ки мо пеш аз ҳама иттиҳоди фарҳангии (!) ҳавзаи тоҷиконро дар минтақа бояд асос гузорем, танҳо пас аз он мавзӯи фарҳанги умумифорсӣ барои мо аҳамият хоҳад дошт. Аз нуқтаи назари амалӣ, барои муколамаи зичи тамаддунии тоҷикон дар минтақа пеш аз ҳама давлати мо муваззаф аст ва бояд ҳавасманд ҳам бошад, зеро "брэнд"-и Тоҷикистон чунин масъулиятро бар дӯши мо гузоштааст ва ин вазифаи ифтихориву таърихии мо низ бояд бошад!

Наслҳои оянда ҳатман аз ин мавзӯъ моро суол хоҳанд кард...

#P.S.: Баҳси забони мо ва хатти он таи солҳои ахир дар фазои интернети тоҷикӣ бештар гарм мешавад ва фаьолтарини иштирокчиён он бештар тоҷикони бурунмарзиянд. Медонед чаро? Зеро маҳз дар хориҷ аз Ватан масъалаи ҳувият барои инсон ҳассостар мегардад...

Аз ин рӯ, навиштаи банда коршиносона набуда, балки пеш аз хама тоҷикона аст! Умедворам паёми аслии бандаро мухотабон дуруст дарк мекарда бошанд ва баҳси мо ба муколама табдил хоҳад ёфт...

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (14)

XS
SM
MD
LG