Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 29 июл дастур дод, ки карантин ё маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус ду ҳафтаи дигар дароз карда шавад.
Ба огаҳии сомонаи президенти Қазоқистон, бо назардошти вазъи эпидемиологӣ ва эҳтимоли густариши коронавирус бекор кардани тадриҷии маҳдудиятҳо дар он кишвар боздошта мешавад.
Қазоқистон дар пасманзари бад шудани вазъи эпидемиологӣ ва афзоиши шумори мубталоён ба коронавирус пас аз бекор кардани маҳдудиятҳо аз 5 июли соли равон дубора карантини сахттар ҷорӣ кард. Дари корхонаҳои хидматрасониву фурӯшгоҳҳои ғайриғизоӣ баста ва ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ маҳдуд карда шуд. Карантини дубора то 14 июл эълом шуда буд ва боз то 2 август тамдид гашт.
Давоми як шабонарӯзи ахир дар ин кишвар 1 544 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шудааст. Шумори умумии мубталоён ба 86 192 расида, ба иттилои расмӣ, то ҳол 793 кас аз вирус фавтидааст.