Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як машқи низомӣ Эрон аз мушаки баллистикӣ истифода кард


28 июл. Киштии ҳавопаймобари сохтакоришудаи амрикоӣ дар обҳои гулӯгоҳи Ҳурмуз
28 июл. Киштии ҳавопаймобари сохтакоришудаи амрикоӣ дар обҳои гулӯгоҳи Ҳурмуз

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон рӯзи 29 июл дар ҷараёни як машқи низомӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз, ки зидди киштии сохтакоришудаи ҳавопаймобари амрикоӣ нигаронида шудааст, мушакҳои баллистикии зеризаминиро партоб карданд. Ин машқҳо як рӯз баъди он баргузор шуд, ки Сипоҳи посдорон аз як чархбол ба самти ҳамин киштии ҳавопаймобар мушаке партоб карданд. Телевизиони давлатии Эрон рӯзи 29 июл гуфт, ки ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ба таври ҷудогона пули ҳавопаймобари сохтакоришудаи амрикоиро ҳам ҳадаф қарор доданд, вале ин ҳама ҷузъиёт намоиш дода нашуд. Низомиёни амрикоӣ гуфтанд, баробари ба қайд гирифта шудани нишонаҳои машқҳои низомӣ, нирӯҳои амрикоӣ дар пойгоҳи ҳавоии Ал-Дафраи воқеъ дар Абу-Забӣ, дар хоки Имороти Муттаҳидаи Араб ва пойгоҳи ҳавоии Ал-Убайд дар Қатар ба ҳолати омодабош гирифта шуданд. бет Риордан, сухангӯи фармондеҳии марказӣ гуфт, ки “ҳодиса чанд дақиқа идома дошт ва баъди тамом шудани эҳсоси хатар ҳама чиз оддӣ шуд”. Ҳарду пойгоҳи низомии амрикоӣ дар садҳо километр роҳ аз макони машқҳои эронӣ ҷойгир аст. Аз замони аз созиши ҳастаии қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон хориҷ шудани ИМА дар соли 2018, равобити ду кишвар пуртаниш боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG