Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷумҳурихоҳҳо нақшаи нави зидди коронавирусро пешниҳод карданд, демократҳо розӣ нестанд


1 апрел, Лос-Анҷелес. Сокинони дар паи пандемия бекормондаи ИМА дар намоиши эътирозие талаби бахшидани қарзи иҷораи манзилро карданд
1 апрел, Лос-Анҷелес. Сокинони дар паи пандемия бекормондаи ИМА дар намоиши эътирозие талаби бахшидани қарзи иҷораи манзилро карданд

Ҷумҳурихоҳҳои Сенат як бастаи нави кӯмакҳоро ба мардуми Амрико бо арзиши 1 триллион доллар пешниҳод карданд, ки дар муқобила бо бекорӣ ва дигар паёмадҳои пандемияи коронавирус равона мешавад. Раҳбари аксарияти ҷумҳуриҳҳои Сенат Митч МакКоннелл (ҷумҳурихоҳе аз Кентакки) ин пешниҳодро ҳамчун барномаи “ҳадафмандона” барои бозгардони мардум ба кор ва бозкушоии мактабҳо муассир хонд. Ӯ гуфт, ки амрикоиҳо ба ёрии бештар ниёз доранд, чунки кишвар “бо як пояш дар пандемия” аст. Ин барнома мувофиқати Кохи Сафедро дарёфт кардааст, вале акнун бояд ризоияти демократҳоро ба даст орад. Мӯҳлати имтиёзҳои иловагӣ барои бекорӣ ба шаҳрвандони Амрико рӯзи 31 июл ба анҷом мерасад. Нақшаи нав пардохтҳоро на 600 доллар дар ҳафта, балки 200 доллар пешбинӣ мекунад. Демократҳо мегӯянд, ки нақшаи пешниҳодшуда хеле маҳдуд аст. Сенатори демократ Чак Шуммер (аз Ню-Йорк) гуфт, ки амрикоиҳое, ки харҷҳои худро пӯшонида наметавонанд, аз ин чиз нороҳат мешаванд.

XS
SM
MD
LG