Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз фазои "тарс" дар Беларус


25 июл, шаҳри Бобруйски Беларус. Тарафдорони номзад Светлана Тихоновская дар мулоқоти ӯ ҳузур доранд

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мақомоти Беларусро дар эҷоди фазои «тарсу таҳдид» дар остонаи интихоботи президентии 9 август гунаҳгор карданд. Созмони бо номи Ҳомиёни ҳуқуқ барои интихоботи озод, ки аз ҷониби Кумитаи беларусии Ҳелсинкӣ раҳбарӣ мешавад ва ҳам маркази маъруфи “Весна” дар Минск бо нашри изҳороти муштараке рӯзи 27 июл гуфтанд, ки ин маъракаро ҳукумат ташкил карда, ҳамчунин дар пушти боздошти 25 нафар истодааст, ки бо ангезаҳои сиёсӣ боздошт шудаанд.

Фаъолон мегӯянд, ки дар маҷмӯъ дар Беларус шурӯъ аз замони маъракаи интихоботӣ 1140 нафар боздошт шуда, аз онҳо 190 нафар ҳабс ва 333 нафар ба пардохти ҷарима маҳкум шуданд. Дар ин изҳорот омадааст, ки Додгоҳи олии Беларус нахост шикояти номзади интихоботӣ Валер Тсапкала алайҳи Комиссиюни марказии интихоботро барои манъи сабтиноми номзадиаш ба қайд гирад. Айни чунин ҳолат бо номзади дигар Виктор Бабарика ҳам рух дод. Тсапкала чанд рӯз пеш гуфт, ки аз тарси ҳабс бо ангезаҳои сиёсӣ маҷбур шуд ҳамроҳ бо фарзандонаш кишварро тарк кунад. Бабарика ҳамроҳ бо писараш Эдуард бо иттиҳоми хилофкориҳои молӣ ба ҳабс гирифта шудааст. Дар изҳороти созмонҳои ҳомии ҳуқуқ инчунин омадааст, ки комиссиюни интихоботӣ шумори нозиронро дар нуқтаҳои овоздиҳӣ кам кард. Фаъолон бахусус дар заминаи изҳороти президент Александр Лукашенко ва раҳбари Шӯрои амният Андрей Равков изҳори нигаронӣ кард, ки гуфтаанд, дар сурати зарурати пароканда кардани эътирозгарон аз нирӯ истифода хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG