Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон пешниҳоди ИМА дар бораи бозгашти Русия ба G7-ро рад кард


Ҳейко Маас, вазири хориҷаи Олмон. Акс аз соли 2019
Ҳейко Маас, вазири хориҷаи Олмон. Акс аз соли 2019

Вазири хориҷаи Олмон Ҳейко Маас бозгашти Русия ба маҳфили кишварҳои пешрафтаи саноатӣ ваё Гурӯҳи ҳафтгона (G7)-ро рад кард. Ин пешниҳод қаблан аз забони президенти ИМА Доналд Трамп садо дод буд, ки хостори бозгардони дубораи Маскав ба ин маҳфил шудааст. Маас дар мусоҳибааш бо ду нашрияи олмонӣ рӯзи 27 июл гуфт, ки “сабаби аз маҳфил берун кардани Русия ишғоли Қрим ва мудохила ба шарқи Украина буд”. Маас гуфт, “азбаски дар ин масъала ҳанӯз қароре ба даст наомадааст, ман ҳеҷ шонсе намебинам”, ки Русия ба G7 баргардад. Трамп моҳи май, замоне, ки бо сабаби пандемияи коронавирус баргузории ҳамоиши G7-ро ба моҳи сентябр паспарто кард, пешниҳод намуд, ки Русия ҳам метавонад ба ин ҷаласа баргардад. Ӯ гуфт, ки мехост феҳристи ширкатдорони ҷаласа аз ҳисоби Австралия, Русия, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҳинд тавсеа ёбад. Русия дар авҷи ишғоли Қрими Украина дар соли 2014 аз ҳайати G7 берун карда шуд. Маас дар сӯҳбаташ гуфтааст, ки ҳоло равобит бо Русия “дар бисёр қазияҳо” мушил боқӣ мемонад. Ӯ гуфт, ки “G7 ва G20 ду маҳфили оқилона ҳамоҳангшуда мебошанд. Мо ба G11 ё G12 ниёз надорем”. Ба ҳайати G7 - ИМА, Канада, Олмон, Ҷопон, Фаронса, Бритониё ва Итолиё шомил мешаванд. Маас гуфт, ки Русия бояд дар низоъҳои Сурия, Либия ва Украина роҳҳале пайдо кунад ва ин роҳҳал “ҳамроҳ бо Русия, на бар зидди Русия” қабул хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG