Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: "Дар 6 моҳ дар Афғонистон беш аз 3400 ғайринизомӣ кушта ва захмӣ шудаанд"


Таркиш дар шаҳри Кобул.
Таркиш дар шаҳри Кобул.

Тибқи гузориши дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ бар асари хушунатҳо дар ин кишвар 1282 нафар ҷон бохта, 2176 тан захмӣ шудаанд. Дар ин гузориши Созмони Милали Муттаҳид, ки рӯзи 27-уми июл нашр шуд, гуфта мешавад, ки 340 нафар ҷонбохтагон ва 727 тан аз захмиён кӯдакон ҳастанд.

"Дар ҳоле, ки ҳукумати Афғонистон ва Толибон фурсати таърихӣ барои нишасти сари мизи музокиротро доранд, фоҷеаи воқеӣ аз ин даргириҳо идома дорад ва садамаи ваҳшатноке ба ғайринизомиён ворид мекунад",-гуфтааст, Дебораҳ Лёнс, фиристодаи вижаи СММ барои Афғонистон.

Толибон ва гурӯҳи "Давлати исломӣ" масъули аксари ҳамлаҳо мебошанд. Тибқи ин гузориш, 58 дарсади қурбониён дар ҳамлаҳои ин гурӯҳҳо кушта ва ё захмӣ шудаанд. Бар пояи ин гузориш, нерӯҳои тарафдори ҳукумат 23 дарсад масъули қатл ва захмӣ кардани ғайринизомиён мебошанд.

Ин гузориш мегӯяд, ки омори қурбониён ва захмиён назар ба ҳамин давраи соли гузашта 13 дарсад коҳиш ёфтааст. Гузориш даргирии камтари нерӯҳои байналмилалӣ ва ДОИШ-ро сабаби аслии ин коҳиш медонад.

Ҳамзамон нерӯҳои амниятии афғон ва Толибон масъули тақрибан бидуни тағйири талафот нисбат ба соли гузашта будааст. Талафоти ғайринизомиён аз сӯи нерӯҳои ҳавоии афғон назар ба ҳамин давраи соли гузашта се баробар афзоиш ёфтааст.

Ин гузориш дар ҳоле нашр шуд, ки сарнавишти музокироти сулҳи Афғонистон бинобар ихтилофи назар миёни ҳукумати Кобул ва Толибон, дар мавриди раҳоии зиндониёни ду тараф, норушан боқӣ мемонад.

Ахиран хушунатҳо дар Афғонистон рӯ ба афзоиш ниҳодааст ва Шӯрои амнияти миллии ин кишвар рӯзи 25-уми июл гуфт, ки ҳафтаи гузашта Толибон 46 ғайринизомиро ба қатл расонида, 93 тани дигарро захмӣ карданд.

Амрико ва Толибон дар авохири моҳи феврали соли ҷорӣ созишнома имзо карданд, ки он заминаи музокирот миёни Толибон ва ҳукумати Кобулро фароҳам мекард. Яке аз шартҳои гуфтугӯи байналафғонӣ, ин раҳоии зиндониён ва коҳиши хушунат буд. Толибон гуфтаанд, ки ба гуфтугӯи байналафғонӣ баъд аз Иди Қурбон омода ҳастанд.

Толибон ҳамзамон рӯзи 26-уми июл нерӯҳои амниятии Афғонистонро айбдор кардаанд, ки Толибони раҳошударо дубора боздошт мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои Афғонистон Залмай Халилзод ба ҳадафи фароҳам кардани заминаҳои гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон, сафари худ ба панҷ кишварро оғоз кардааст. Оқои Халилзод қарор аст ба Давҳа, Исломбод, Кобул, Осло ва София сафар кунад.

XS
SM
MD
LG