Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шарқи Украина оташбаси комил барқарор шуд


Шарқи Украина.
Шарқи Украина.

Байни артиш ва нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва ниманизомиёни мавриди ҳимояти Русия дар шарқи Украина, ки солҳо даргирӣ ҷараён дошт, оташбаси комил барқарор шуд.

Оташбас аз соати 00:00 ба вақти маҳалӣ, чанд соат пас аз гуфтугӯи Владимир Зеленский ва Владимир Путин, президентҳои Украина ва Русия дар мавриди кашмакаш ва даргирӣ дар шарқи Украина ба ҳолати иҷро даромад.

Зеленский ва Путин ҳар ду ҳимояти худро аз амалӣ шудани оташбаси комил эълом карданд. Созиши ибтидоӣ барои иҷрои оташбас, ҳафтаи пеш дар ҷараёни музокироти ду кишвар ва низ Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо ба даст омада буд.

Владимир Зеленский ҳамзамон дар гуфтугӯ бо ҳамтои руси худ хостори бардошта шудани қадамҳои баъдӣ барои озодии асирони украинӣ дар минтақаҳои шарқии ин кишвар, нимҷазираи Қрим ва Русия шудааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Русия ба нақл аз Путин мегӯяд, тасмими Украина барои баргузории интихоботҳои минтақаӣ дар соли 2020 бо созишномаи Минск муғойират дорад.

Ин ишора ба созише аст, ки дар Белорус сурат гирифт ва ҳадафи он поён додан ба даргириҳои низомӣ аз соли 2014 ба ин тараф буд. Ин созишномаро бо ҳадафи ҳаллу фасли муноқиша дар шарқи Украина имзо карда буданд.

Дафтари раёсати ҷумҳури Украина низ гуфтааст, дар сурате, ки оташбаси комил идома ёбад, "роҳи амалӣ шудани дигар бандҳои созиши Минск" ҳамвор хоҳад шуд.

Владимир Зеленский соли гузашта дар Украина ба қудрат расид. Яке аз ваъдаҳои асосии ӯ поён додан ба кашмакашҳо, набардҳо ва бӯҳрон дар шарқи кишвараш, дар минтақи Донетск ва Луганск буд.

Олмон, Фаронса -- ду кишвари аврупоӣ буданд, ки байни Киев ва Маскав миёнаравӣ мекарданд ва дар замони шаклгирии созиши Мниск низ ҳузур доштанд. Созише, ки ба таври комил амалӣ нашуд.

Тарафҳо ҳамчунин бояд ихтилофот миёни худро ҳал намуда, гурӯҳҳои ниманизомӣ халъи силоҳ шаванд. Ҳукумати Русия ҳузури нерӯҳои худ дар шарқи Украинаро радд кардааст.

Робитаҳои Русия ва Украина ва низ Русия ва Ғарб дар пайи эътирозҳое, ки ба суқути ҳукумати Виктор Янукович, тарафдори Маскав анҷомид, бо ғасби нимҷазираи Қрими Украина аз сӯи Русия ва даргириҳо дар шарқи Украина авҷ гирифт, пуртаништар шуд. Дар даргириҳои шарқи Украина беш аз 13 ҳазор нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG