Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо барномаи мубориза бо COVID-19-ро дар Осиёи Миёна роҳандозӣ кард


Иттиҳоди Аврупо барномаи "COVID-19 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: чораҳои вокуниш ба буҳрон"-ро бо буҷаи 3 млн евро роҳандозӣ кард. Дар ин бора аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Қирғизистон хабар доданд.

Гуфта мешавад, барнома ба таъмини талаботи низоми тандурустӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар амри мубориза бо вабо равона шудааст.

Барнома се марҳиларо дар бар мегирад, ки дар марҳилаи аввал масоил ва талаботи муҳимтарин қонеъ мешаванд ва дар мариҳаи дувум - замоне ки авҷи вабо пушти сар мешавад, таваҷҷуҳи асосӣ ба барқарорсозӣ ва омодагӣ ба эҳтимоли мавҷи дувуми COVID-19 равона мегардад. Дар марҳилаи ниҳоӣ чанд тадбире барои ҳимоят аз низоми тандурустӣ рӯи даст гирифта хоҳад шуд.

Барномаи дигари дусолае дар доираи "маҷмуи кӯмакҳои ҳамраъйӣ" барои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо буҷаи 124 млн евро аз сӯи Иттиҳоди Аврупо моҳи ҷорӣ роҳандозӣ шуд.

XS
SM
MD
LG