Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯйи Путин ва Зеленский пеш аз шурӯи оташбаси навбатӣ


Президенти Украина Владимир Зеленский ва ҳамтои русаш Владимир Путин чанд соат пеш аз шурӯи оташбаси навбатӣ низоъ дар шарқи Украинаро баррасӣ карданд. Суҳбати телефонӣ 26-уми июл сурат гирифт. Оташбас аз нимашаби 27-уми июл ба иҷро медарояд. Ҷонибҳо аз оташбаси миёни нирӯҳои давлатии Украина ва ҷудоиталабони зери ҳимояти Русия пуштибонӣ кардаанд. Зеленский озод кардани шаҳрвандони Украинаро дар шарқи ин кишвар, Қрим ва Русия дар миён гузоштааст. Путин гуфтааст, тасмими Украина барои баргузории интихоботҳои минтақаӣ дар соли 2020 бо созишномаи Минск муғойират дорад. "Агар иқдоми оташбас ҳимоят ёбад, роҳро барои татбиқи бандҳои дигари созишномаи Минск ҳамвор хоҳад кард", -- гуфт дафтари раиси ҷумҳури Украина. Ин созишномаро бо ҳадафи ҳаллу фасли муноқиша дар шарқи Украина имзо карда буданд.

XS
SM
MD
LG