Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Авҷгирии дубораи коронавирус пас аз "танаффус" дар чанд кишвари аврупоӣ


Яке аз бемористонҳои Итолиё. Акс аз бойгонӣ
Яке аз бемористонҳои Итолиё. Акс аз бойгонӣ

Чанд кишвари аврупоӣ пас аз ҳафтаҳо бекор кардани маҳдудиятҳо ва иҷозаи сафари тобистонӣ афзоиши мавридҳои гирифторӣ ба коронавируси навро таҷруба мекунанд.

Вазири тандурустии Фаронса 26-уми июл дар мусоҳибае гуфт, дар пайи 13 ҳафтаи коҳиш мақомҳои ин кишвар ахиран шоҳиди афзоиши гирифтории сокинон ба вирус мебошанд. Мавридҳои нав дар Фаронса рӯзона аз ҳазор кас бештар будааст. Бар асоси омори расмӣ дар Фаронса зиёда аз 30 ҳазор нафар аз вируси нав ҷон бохтаанд.

Ҳолатҳои сирояти коронавирус дар Олмон ҳам рӯ ба афзоиш будааст. Вазири тандурустии Олмон гуфт, далели асосии густариши вируси корона ба сафарҳои тобистонӣ ва баргашти мусофирон аз минатқаҳое ба монанди Туркия рабт дорад.

Испания талош дорад, ки барои пешгирӣ аз афзоиши мавридҳои мусбати вируси корона чораҳоро рӯйи даст гирад. Дар Испания бемории беш аз 290 ҳазор нафар тасдиқ шуда, зиёда аз 28 ҳазор тан фавтидаанд.

Афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории ҳамагир дар Испания кишварҳои дигари аврупоиро водор кардааст, то дар бораи сафари шаҳрвандон ва баргашти онҳо аз истироҳати тобистонӣ маҳдудиятҳо андешанд.

Бритониё мегӯяд, ҳар касе аз Испания баргардад, ду ҳафта дар "карантин" хоҳад нишаст. Фаронса низ ба онҳое, ки ба Каталония сафар мекунанд, ҳушдор додааст, зеро мақомҳо дар манотиқи шимоли шарқи Испания аз мардум хостаанд, дар хона бимонанд.

Юнон ҳам яке аз гӯшаҳои доғи ҷаҳонгардон дар Аврупо аст ва ин кишвар барои пешгирӣ аз коронавируси нав тадобирро рӯйи даст гирифтааст. Афина ба боздидкунандагон аз Руминияву Булғористон машварат додааст, ки ҳангоми саёҳат аз ин кишвар натиҷаи манфии ташхиси коронавирусро бо худ дошта бошанд.

Густариши коронавируси нав дар кишварҳои дигари ҷаҳон ҳам шиддат гирифтааст. Бар асоси омори нав шумори мубталоён ба вируси корона дар ҷаҳон аз марзи 16 миллион нафар гузашта, беш аз 645 ҳазор нафар аз ин вирус ҷони худро аз даст додаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG