Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо сабаби COVID-19 тӯйҳо дар Тоҷикистон бо ширкати то 40 нафар иҷозат шудааст


Сандуқи ҷиҳози арӯс

Тую арӯсиҳо дар Тоҷикистон акнун бо ширкати на 100, балки 30-40 нафар баргузор хоҳанд шуд. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо рӯзи 24 июл эълон кард, ки аз ин ба баъд тӯйҳо дар кишвар бояд дар доираи оила ва бо ширкати шумори камтарини меҳмонҳо баргузор шавад. Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин бо нашри ин хабар гуфтааст, тасмими нав бар асоси супориши ҳукумати кишвар ва бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус гирифта шудааст. “Тибқи тартиби нав, шумораи ҳадди аксари иштирокдорон дар маросими тӯи домодию арӯсӣ набояд аз 30-40 нафар бештар бошад”, омадааст дар изҳороти Кумитаи дин.

Кумита бо ирсоли барқия мақомоти шаҳру навоҳии кишварро аз тартиби нави туйгузаронӣ огоҳ кардааст. Ин тасмим дар ҳолест, ки бо як қарори мақомот аз миёнаҳои моҳи июн баргузории тӯйҳо бо ширкати 100 нафар ва бо риояи қоидаҳои дигари беҳдорӣ муваққатан иҷоза дода шуда буд. Маъмулан дар Тоҷикистон аксар хонаводаҳои маросими тӯю арӯсии фарзандонро дар тобистони гарму сермева ташкил мекунанд.

Дар кишвар пас аз эътирофи вуҷуди коронавирус дар моҳи апрел, беш аз ду моҳ баргузории маросими хонадоршавӣ манъ буд.

Маҳдуд шудани доираи меҳмонони туй дар тӯю арӯсиҳо бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз хуруҷи коронавирус дар ҳолест, ки бино ба иттилои мақомоти тоҷик, шумори гирифторӣ ба COVID-19 дар кишвар коҳиш ёфтааст, аммо ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон аз вазъи баръакс хабар дода, дубора чораҳои маҳдудкунандаро ҷорӣ крадаанд.

XS
SM
MD
LG