Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар даромадгоҳҳои Нур-Султон постгоҳҳои пулис фаъол шудаанд


Департаменти пулиси шаҳри Нур-Султон рӯзи 24 июл хабар дод, ки дар даромадгоҳҳои пойтахти Қазоқистон постгоҳҳои пулис насб шудааст.

Ба иттилои манбаъ, кормандони пулис ба сокинон тавсия медиҳанд, ки аз "сафар ба минтақаҳои фароғатӣ" худдорӣ кунанд ва ба маконҳои серодам нараванд. Пулис аз сокинону меҳмонони пойтахт даъват кардааст, "вазъиятро дарк намоед".

Вазири корҳои дохилии Қазоқистон Ерлан Тургумбоев дар брифинги рӯзи ҷумъа изҳор дошт, пас аз занозанӣ дар рустои Шорнаки вилояти Туркистон, ки узбекҳову қазоқҳо зиндагӣ мекунанд, пулис бо далели "даъват ба барангехтани кинаву адоват ва паҳн кардани иттилои бардурӯғ" тафтишот мебарад.

Бар пояи иттилои мақомот, шаби 21 июл баҳси миёни сокинони ин русто ба "занозанӣ бо истифодаи санг" табдил шудааст. ВКД мегӯяд, дар натиҷа чор нафар, бо шумули нозири минтақавӣ ҷароҳат бардоштаанд. Баъди ин ҳодиса дар даромадгоҳи русто пости пулис насб шуд.

XS
SM
MD
LG