Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маблағгузорӣ ба сохтмони нирӯгоҳи "Себзор" ва мактаби нав дар Роштқалъа


Водии Бартанг, корҳои сохтмони нирӯгоҳи хурде
Водии Бартанг, корҳои сохтмони нирӯгоҳи хурде

Дар Душанбе маросими имзои шартномаи маблағгузорӣ ва иҷрои лоиҳаи нерӯгоҳи “Себзор” баргузор шуд. Дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон рӯзи 23 июл хабар дод, ки созишнома дирӯз аз ҷониби вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода, мудири ширкати Помир Энерҷӣ – Далер Ҷумъаев ва Бонки Олмонии Рушд KfW ба имзо расид. Нирӯгоҳи хурди обии “Себзор”, ки дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти мухтори куҳистони Бадахшон (ВМКБ) сохта мешавад, тавони бо нирӯи барқ таъмин кардани 220 ҳазор сокинони маҳаллиро хоҳад дошт.

Маросими имзои созишнома бо ҳузури раҳбари бахши Ҳамкории Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Стефано Эллеро ва роҳбари намоянадагии KfW дар Тоҷикистон Андреас Шнайдер баргузор шуд. “Ин шартнома бар Созишномаи саҳмгузорӣ ба маблағи 20 миллион евро асос меёбад, ки моҳи декабри 2019 аз ҷониби Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрилин Йозефсон ва роҳбари намояндагии Бонки Олмонии Рушд дар Тоҷикистон Андреас Шнайдер ба имзо расида буд”, омадааст дар изҳороти расмӣ. Бино ба ин хабар, “маблағи ҷудошуда дар ҳаҷми 20 миллион евро ба 17 миллион еврое, ки пештар ҳукумати Олмон барои ин лоиҳа ба Тоҷикистон дар соли 2018 дода буд, замм мегардад”.

“Себзор” як нирӯгоҳи хурде бо иқтидори 11 Мегаватт ва зарфияти тавлиди солонаи 74,5 миллион киловатт/соат нерӯи барқ дар руди Шохдараи ВМКБ хоҳад буд.

Ба иловаи ин, ба иттилои расмӣ, дар доираи лоиҳа сохтани як бинои мактаб барои 400 хонанда дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ дар назар аст.

XS
SM
MD
LG