Додгоҳе дар шимолуғарби Русия – вилояти Карелия рӯзи 22 июл як таърихшинос ва фаъоли ҳуқуқи башар Юрий Дмитриевро бо иттиҳоми бадрафтории ҷинсӣ нисбати духтархондаш ба 3,5 соли зиндон маҳкум кард, вале худи ӯву тарафдоронаш иттиҳомотро қотеона рад мекунанд. Қаблан додситонҳо аз додгоҳ хостанд, ки Дмитриев ба 15 соли зиндон маҳкум шавад. Парванда ба соли 2016 бармегардад. Дмитриев бо гумони порнографияи кӯдакон бар асоси аксҳои духтархондаш боздошт шуд. Ин аксҳоро мақомот дар компютери ӯ пайдо карданд. Худи ӯ гуфт, ки бегуноҳ аст ва аксҳо ҳеҷ мазмуни порнографӣ надоранду бо дархости кормандони иҷтимоӣ барои назорат аз рушди кӯдак гирифта шудаанд.
Виктор Ануфриев, вакили дифои Юрий Дмитриев, дар беруни толори додгоҳи шаҳри Петрозаводск гуфт, ки донишманд худро бегуноҳ меҳисобад ва дар ин марҳила, ҳукми додгоҳро мусбат арзёбӣ мекунанд:
“Ба ӯ тахминан сеюним моҳи дигар мондааст, тахминан 12-уми ноябр бояд озод шавад. Ин ҳисоби тахминӣ аст. Яъне барои анҷоми мӯҳлати ҳабс сеюним моҳ мондааст”.
Юрий Дмитриеви 64-сола, ки инчунин раҳбари дафтари созмони ҳомии ҳуқуқи “Мемориал” дар Карелия мебошад, гуфт, ки корҳои таҳқиқотии ӯ дар заминаи кашфи ҷасадҳои афроди кушташуда дар замони Сталин Кремлинро асабонӣ кардааст.