Дар вилояти Сирдарёи Узбекистон як зан мехост, тифли яксолаашро фурӯшад. Дар ин бора мақомоти ҳифзи ҳуқуқи он кишвар хабар медиҳанд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зани 25-соларо ҳангоми фурӯши тифлаш боздошт карданд.
Хабар дода мешавад, ки як корманди мақомот худро харидори тифл вонамуд карда, рӯзи 21 июл маблағро ба модари тифл додааст.
Дар амалиёти мақомот зан бо далели шайъӣ боздошт шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот давом дорад.