Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвозҳои мунтазам дар масири Дубай-Душанбе-Дубай оғоз шуд


Субҳи чаҳоршанбеи 22 июл аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нахустин парвози мунтазам пас аз таваққуфи 4-моҳа оғоз шуд. Ҳайвопаймои ширкати Fly Dubai дар масири Дубай-Душанбе-Дубай парвоз анҷом дод.

Сар аз 20-уми март инҷониб бинобар пандемияи короновирус парвозҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон қатъ шуда, танҳо парвозҳои чартерӣ барои бозгардонидани шаҳрвандони кишвар аз хориҷа иҷро мешаванд.

Дар идораи ширкати Fly Dubai рӯзи 22-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки соати 3-и субҳи имрӯз парвози муқаррарии ширкати аз Дубай ба Душанбе сурат гирифт.

"Ҳамаи мусофироне ки аз Дубай омаданд, бо худ маълумотнома дар бораи надоштани COVID-19 дар даст доранд, бинобар ин онҳо ба карантин фиристода намешаванд",-иброз дошта ҳамсӯҳбати мо дар ширкати Fly Dubai.

Масъулони ширкат мегӯянд парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои чоршанбе сурат мегиранд. Мусофироне, ки аз Душнабе ба Дубай парвоз карданиянд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи орӣ будан аз COVID-19 дошта бошанд, ки на пештар аз 96 соати гузашта дода шудааст. Доштани суғуртаи тиббӣ низ бароми мусофирони ин масир ҳатмӣ аст.

Имороти Муттаҳидаи Араб ҳанӯз барои шаҳрвандони Тоҷикистон визаи сафар намедиҳад, аммо мусофирон ҳақ доранд таввасути фурудгоҳҳои ин кишвар ба давлатҳои севум парвоз кунанд. Ба шарте, ки муҳлати байни парвози транзитӣ аз 20 соат бештар набошад.

Дар умум парвозҳои байналмилалӣ аз дигар масирҳо ба Тоҷикистон ҳанӯз баста аст ва мусофирон хусусан аз Русия наметавонанд ба ватан баргарданд.

Дар ҳамин ҳол, парвозҳои чартерӣ аз хориҷ ба Тоҷикистон идома доранд. Ширкати "Тоҷик эйр" субҳи имрӯз мусофирони тоҷикро аз шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ ба Тоҷикистон овард. Парвозҳои чартерӣ аз Русия асосан аз Маскав ба Душанбе идома доранд. Ширкати "Сомон эйр" эълон кардаст, ки рӯзи 28-уми июл дар хатсайри Душанбе-Франкфурт-Душанбе парвоз анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG