Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзилаи пуршиддате дар Аляска ва ҳушдори омадани сунамӣ дар ҳудуди 300 км


Манзиле дар Аляска
Манзиле дар Аляска

Зилзилае бо шиддати 7,8 дараҷаи Риҳтер, ки дар нимҷазираи Аляска рух дод, дар ҳудуди 300 км атрофи маркази зилзила хатари омадани сунамиро ба бор овард. Маркази таҳқиқоти геологии ИМА гуфт, ларзиши қишри замин рӯзи 22-юми июл, дар соати 11:12 дақиқа (ба вақти Душанбе) дар 800-километрии ҷанубуғарби Анкориҷ ва 100-километрии шаҳраки Перривилл ба қайд гирифта шуд. Маркази ҳушдори сунамӣ дар Уқёнуси Ором гуфт, бар асоси ҳисобҳои пешакӣ эҳтимоли рух додани сунами дар маҳдудаи 300 километр атрофи маркази зилзила вуҷуд дорад. Аляска як бахши қаламрави зилзилахези ҳалқаи уқёнуси Ором ба шумор меравад.

Дар паи зилзилае бо шиддати 9,2 дараҷаи Риҳтер дар моҳи марти соли 1964, ки дар таърихи ИМА сангинтарин будааст, сунами ҷони 250 нафарро гирифт ва аз халиҷи Аляска то Ҳавайӣ эҳсос шуд.

XS
SM
MD
LG