Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон барои дастгирии соҳибкорон $54 миллион медиҳад


Бонкҳои тиҷории Қирғизистон барои иҷрои барномаи "Сармоягузории субъектҳои соҳибкорӣ" 4,2 млрд сом (беш аз $54 млн) дарёфт карданд.

Ба огаҳии ҳукумати Қирғизистон, 2,2 млрд сомро Вазорати молия ва 2 млрд соми дигарро Бонки миллии ин кишвар ҷудо кардаанд.

Пештар 6 бонки тиҷории Қирғизистон барои додани қарзҳои боимтиёз ба соҳибкорон 840 млн сом дарёфт карда буданд.

Барномаи "Сармоягузории субъектҳои соҳибкорӣ"-ро ҳукумати Қирғизистон моҳи июни соли равон тасдиқ кард. Он дар доираи бартарафсозии оқибатҳои ҳамагир шудани коронавирус таҳия шуда буд.

Расонаҳои Қирғизистон моҳи май хабар доданд, ки барои дастгирии бахшҳои иқтисод ва субъектҳои соҳибкорӣ 40 млрд сом равона мешавад.

XS
SM
MD
LG