Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот мегӯянд, ҷинояткорӣ дар Суғд камтар шудааст


Ҳабибулло Воҳидов, додситони вилояти Суғд
Ҳабибулло Воҳидов, додситони вилояти Суғд

Мақомоти интизомӣ мегӯянд, дар 6 моҳи аввали имсол ҷиноят дар вилояти Суғд камтар шудааст. Бино ба омори додситонии вилоят дар ин муддат 2446 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2019 405 ҷиноят камтар аст.

Ҳабибулло Воҳидов, додситони вилояти Суғд рӯзи 17-уми июл гуфт, ки соли 2019 парвандаҳои ҷиноятии ошӯб дар маҳбаси рақами 3 дар шаҳри Хуҷанд ва заминфурӯшӣ мизони ҷиноятро боло бурда буд. Ӯ афзуд: "Охирҳои соли 2018 дар маҳбаси Хуҷанд ошӯб сар зад ва барои фурӯ нишонидани он тамоми нерӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят сафарбар шуд. Дар соли 2019 моҳҳои январ ва феврал 282 ҷинояте, ки маҳбусон карда буданд, ба қайд гирифта шуд."

Дар натиҷаи исён дар зиндони шаҳри Хуҷанд, ба гуфтаи мақомот, 25 нафар, аз ҷумла ду маъмури зиндон кушта шуданд. Додситони Суғд дар мавриди кам шудани ҷинояткорӣ ҳамчунин гуфт, то моҳи июл ҷиноятҳои марбут ба заминфурӯшӣ ва худсарона аз худ кардани замин ду баробар кам шуд ва то 90 ҷиноят поин омад.

Ба қавли ӯ, назорати истифодаи замин "аз самти афзалиятноки кори мақомоти додситонӣ" мебошад. Бино ба маълумоти додситонӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2020 одамкушӣ, таҷовуз ба номус, ҷиноятҳои дорои хусусиятҳои экстремистиву террористӣ, роҳзаниву ғоратгарӣ низ кам шудааст.

XS
SM
MD
LG