Ҳукумати Ӯзбекистон 20 июл қарор кард, шумори кормандони "ёрии таъҷилӣ" дар ин кишварро афзоиш диҳад.
Бино ба иттилои гуруҳи "Ҳуқуқий ахборот" дар Телеграм, ҳукумати Ӯзбекистон қарори "Тадбирҳо дар бораи фаро гирифтани тамоми сокинон бо хадамоти ёрии таъҷилии тиббӣ дар давраи ҳамагир шудани коронавирус"-ро ба имзо расонид.
Дар ин давра гуруҳҳои "ёрии таъҷилӣ" иборат аз 1 табиб ва 1 ронанда ташкил шуда, шабонарӯзӣ фаъолият хоҳанд кард.
Бар асоси қарор, ҳамаи кормандони "ёрии таъҷилӣ" дар баробари моҳонаи худ иловапулӣ дарёфт хоҳанд кард. Ба табибон 2,5 млн. сӯм ($245), кормандони қатории тиббӣ 1,5 млн. сӯм ($146) ва ронандагон 1,0 млн. сӯм ($100) дода мешавад.