Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳ Салмон ба беморхона интиқол дода шуд


Шоҳзода Муҳаммад Бин Салмон ва шоҳи Саудӣ Салмон. Акс аз соли 2019
Шоҳзода Муҳаммад Бин Салмон ва шоҳи Саудӣ Салмон. Акс аз соли 2019

Дарбори Саудӣ рӯзи 20 июл гуфт, ки шоҳ Салмон бо дарди илтиҳоби талхадон ба беморхонае дар Риёз интиқол дода шуд. Хабаргузории расмии Саудӣ гуфт, ки шоҳи 84-сола “имрӯз ба беморхонаи Шоҳ Файсал дар Риёз барои анҷоми чанд озмоиши марбут ба холесистит интиқол дода шуд”. Дар Арабистони Саудӣ одат нест, ки ҷомеаро дар бораи вазъи сиҳҳатии шоҳи кӯҳансол огаҳ кунанд. Дар изҳорот шарҳи аз ин бештар дода намешавад. Шоҳ Салмон аз соли 2015 ба ин сӯ дар сари қудрат мебошад. Нахуствазири Ироқ Мустафо Козимӣ қарор буд рӯзи 20 июл бо сафари корӣ ба Арабистони Саудӣ мерафт, вале ба иттилои вазорати хориҷаи ин кишвар сафар ба таъхир уфтод.

Шоҳ Салмон баъди бародараш Абдуллоҳ, ки дар 90-солагӣ даргузашт, раҳбарии кишварро ба ӯҳда гирифт. Салмон охирин шоҳ дар миёни бародаронаш мебошад, ки аз замони сари қудрат омадани падар ва муассиси сулолаи Саудиҳо – Абдулазиз Ас-Сауд ҳукумат кардааст. Арабистони Саудӣ, ки истеҳсолкунандаи азими нафт дар ҷаҳон аст, пурра аз ҷониби сулолаи Саудиҳо раҳбарӣ мешавад. Соли 2017 Арабистони Саудӣ гузоришҳои матбуотро дар бораи ин ки шоҳ дар андешаи ба писараш Муҳаммад Бин Салмони 34-сола вогузор кардани қудрат аст, рад кард. Вале гуфта мешавад, ки раҳбарии воқеии кишвар ба дасти писари шоҳ аст. Шоҳзода Муҳаммад дар ҳоле дар қудрат аст, ки ӯро барои саркӯби мунаққидону дигарандешон ва ҳам аъзои хонаводаи шоҳӣ муттаҳам мекунанд. Куштори журналист Ҷамол Хошуқчӣ дар соли 2018 дар дохили консулгарии Саудия дар Истамбул ба обрӯи шоҳзода зарбаи сахте шуд. Бовар меравад, ки масъулияти куштори журналисти маъруф кори дасти амниятиҳои наздик ба шоҳзода мебошад. Дар қасри Саудӣ даст доштани шоҳзода дар ин кушторро қотеона рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG