Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарони Аврупо роҳҳои барқарорсозии иқтисодро баррасӣ доранд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар шаҳри Брюссел рӯзи севум аст, ки мулоқоти раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) идома дорад. Ҳадафи он андешидани маҷмуи чораҳо барои барқарорсозии иқтисод баъди ҳамагир шудани коронавирус шумурда мешавад.

Ин саммит нахустин мулоқоти шахсии раҳбарони кишварҳои ИА пас аз пандемия мебошад. Онҳо моҳҳои ахир фосилавӣ суҳбат мекарданд. Тӯл кашидани саммит низ бесобиқа буда, онро ба хотири аз байн бурдани ихтилофи назарҳо дар робита ба ташкили мизони бунёди умумиаврупоӣ ба маблағи 750 миллиард евро дароз карданд. Пули бунёд барои кумак ба кишварҳои аз ҳама бештар осебдида ва буҷаи ИА дар давоми 7 соли оянда дар ҳаҷми беш аз триллион доллар сарф мешавад.

Сарфи назар аз изҳоротҳои ҷонибдоронаи пешин дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки раҳбарони ИА ба созиш мерасанд, ё не. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел рӯзи якшанбе гуфт, ки натиҷаи саммит ба монанди пешин норушан аст.

Панҷ кишвари ИА бо таъкид ба зарурати ислоҳоти сохторӣ ва назорати харҷҳо исрор доранд, ки қоидаҳои кумак ба кишварҳои осебдидатарини Аврупо, аз қабили Италия ва Испания бояд сахттар шавад. Ба ин гуруҳи кишварҳо Дания, Нидерландия, Австрия, Финляндия ва Шветсия шомиланд. Раҳбарони Фаронса ва Олмон феълан натавонистаанд ҳамтоёни худ аз панҷ кишварро ба созиш биоранд.

Бар асоси нақшаи раҳбарони ИА бештари пулҳои бунёд бояд ба кишварҳои осебдида дар шакли грант дода шаванд. Вале Нидерландия ва ҳампаймононаш мегӯянд, пулҳо ҳамчун қарз пешниҳод гарданд.

XS
SM
MD
LG