Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СОVID-19 ба гуфтугуи Тоҷикистону Қирғизистон сироят кард


Дар марзи вилояти Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон то кунун даҳҳо муноқишаву тирандозии маргбор сурат гирифтааст.

Раиси Кумитаи идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон мегӯяд, хуруҷи бемории COVID-19 монеи идомаи музокироти марзӣ бо Қирғизистон шудааст. Музокироте, ки солҳои тӯлонист идома дорад ва ду тараф ба пешрафти зиёде ҳам ноил нашудаанд.

Бо ин вуҷуд, аз аввали соли ҷорӣ роҳбарони сохторҳои марбутаи ду кишвар панҷ маротиба гуфтушунид кардаанд. Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки аз оғози соли 2020 то моҳи март якҷо бо ҷониби Қирғизистон панҷ маротиба мушкилоти марзии миёни ду кишварро баррасӣ кардаанд.

Ӯ афзуд: “Соли 2020, то моҳи март, то пайдо шудани пандемия мо 5 маротиба вохурӣ дар сатҳи давлат гузаронидем, аз натиҷаи гурӯҳи кории топографие, ки ман роҳбарӣ мекунам, ҳамчун аъзои комиссия вохурӣ гузаронидем. Аз натиҷааш ба ҳукумати Тоҷикистон маълумот пешниҳод кардем.

Ориф Хоҷазода доир ба ҷузъиёти музокирот, пешниҳодҳо барои ҳалли баҳсҳо чизе нагуфт ва афзуд, ки баъд аз хуруҷи бемории COVID-19 идомаи музокироти марзӣ бо Қирғизистон имконнопазир шудааст. Мушкили марзии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз солҳои шӯравӣ ба мерос монда ва мақомоти ду кишвар то кунун натавонистаанд, марзро аломатгузорӣ ва тақсим кунанд.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, ду тараф доир ба нақшаҳои марзӣ назарҳои мухталиф доранд ва барои гузаштҳое омода нестанд: “Гузашта аз ин, сокинони ду кишвар дар сатҳи ҷамоатҳо низ барои оромӣ дар минтақаҳои марзӣ назари мухталиф доранд. Онҳо ба ҳукуматҳои худ фишор меоваранд ва мақомот дар ҳалли мушкилоти марзӣ оҷиз мемонад. “

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба созиш расанд ва хатти марзро бикашанд. Ҷанҷолу тирандозӣ маҳз дар ҳамин минтақаҳо ва барои обу замин ва чарогоҳ сурат мегирад ва гоҳо ба хунрезӣ меанҷомад.

Дар чанд моҳи гузашта марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоҳиди дастикам се муноқиша шуд ва дар ин ҳодисаҳо аз ду тараф ба иттилои расмӣ ҳашт кас захм бардоштанд. Мақомоти ҳарду тараф якдигарро ба сар задани муноқишаҳо айбдор мекунанд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG