Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли манъ шудани сафари коммунистҳои Чин ба ИМА


Маъмурияти президент Доналд Трамп имкони манъи вуруди ҳамаи аъзои Ҳизби коммунистии Чин ва хонаводаҳояшон ба ИМА-ро баррасӣ дорад.

Дар ин бора нашрияи The New York Times ва хабаргузории Reuters бо истинод ба манбаъҳои огаҳи худ аз мавзуъ иттилоъ додаанд. Дар сурати қабули қарор, вуруди 150 миллион сокини Чин ба Амрико манъ мешавад.

Манбаи Reuters мегӯяд, мансабдорони баландпояи Кохи Сафед лоиҳаи фармонеро баррасӣ доранд, ки ҳанӯз ба худи Трамп нишон дода нашудааст ва он дар ҳоли омодашавӣ қарор дорад.

Миёни ИМА ва Чин аз аввали соли 2018 ҷанги тиҷорӣ оғоз шуд. Трамп он замон боҷи гумрукии молҳои чиниро афзоиш дод ва Вашингтон дар шарҳи қарор гуфт, Пекин мавқеи истеҳсолгарони амрикоиро халалдор мекунад. ИМА дертар Чинро ба дуздии технология айбдор кард. Чин низ посухи ҳамсон дод. Ҷонибҳо дар бораи ба эътидол омадани муносибатҳо хабар доданд, вале масъала ба иллати коронавирус то охир ҳал нашуд.

Котиби давлатии ИМА Майк Пампео ва сухангӯи Кохи Сафед хабари расонаҳоро рад ё тасдиқ накарданд.

XS
SM
MD
LG