Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози мунтазам байни Душанбе ва Дубай ҳафтаи оянда оғоз мешавад


Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки чаҳор рӯз баъд парвозҳои байналмилалии мунтазам аз Душанбе ба Дубай аз сар гирифта мешавад. Хабаргузории давлатии “Ховар” бо такя ба Оҷонси авиатсияи гражданӣ хабар дод,Аз 21 июли соли 2020 парвозҳои байналмилалии мунтазам байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе бо назардошти риояи талаботҳои санитарию эпидемиологӣ барқарор гардида, аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии «Fly Dubai» ва «Сомон Эйр» ҳафтае як маротибагӣ амалӣ карда мешаванд.”

Баъди хуруҷи бемории СОVID-19 дар ҷаҳон ҳукумати Тоҷикистон аз 20-уми март парвозҳои байналмилалӣ ба қаламравашро қатъ кард. Ба навиштаи “Ховар” қарор дар бораи шуруи дигарбора парвозҳо бинобар ба “эътидол омадани вазъи хуруҷи беморӣ дар Тоҷикистон” қабул шуд.

Дар Тоҷикистон коронавируси нав то кунун ба 6741 нафар сироят карда ва 56 нафарро куштааст. Мақомоти Оҷонси авиатсияи гражданӣ гуфтаанд, “мусофиронро зарур аст, ки бо назардошти вазъи эпидемиологӣ нисбат ба коронавируси COVID-19 талаботҳои пешбинишудаи Аморати Муттаҳидаи Арабро, ки нисбати шаҳрвандони хориҷӣ муқаррар гардидааст, риоя намоянд.”

XS
SM
MD
LG