Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳудуди шаҳри Душанбе васеътар мешавад


Ҳудуди шаҳри Душанбе дар оянда боз васеътар мешавад. Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон 17-уми июл дар посух ба ин суоли Радиои Озодӣ, ки оё минбаъд низ масоҳати шаҳри Душанбе васеъ карда мешавад ё не, гуфт, "феълан ба ҳудуди шаҳри Душанбе беш аз ҳафт ҳазор гектар замин аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ҳамроҳ карда шуд.

Ба гуфтаи оқои Хоҷазода, ин марҳилаи аввали тағйири ҳудуди пойтахти Тоҷикистон мебошад ва дар оянда, дар марҳилаи дувум низ масоҳати Душанбе бештар карда мешавад. "Ин масъаларо Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ мекунад ва сипас қарор дар бораи пайваст кардани масоҳати изофӣ ба ҳудуди шаҳри Душанбе тасвиб мешавад",-афзуд ӯ.

Дар ҳафтаи ҷорӣ мақомоти Душанбе хабар дода буданд, ки Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қарор дар бораи пайваст кардани масоҳати иловагӣ ба ҳудуди шаҳрро тасвиб кард.

Дар хабарномаи шаҳрдории Душанбе гуфта шуда буд, ки иҷлосия қарори раиси шаҳр "Дар бораи тағйир додани сарҳадҳои ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии ҳудуди шаҳри Душанбе"-ро тасдиқ кард. Бар асоси ин қарор аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ 7 659,25 (ҳафт ҳазору шашсаду панҷоҳу нуҳу аз сад бисту панҷ) гектар ба ҳудуди шаҳри Душанбе пайваст карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, сокинони минтақаҳои ба ҳудуди Душанбе пайваст шуда мегӯянд, ки ҳарчанд гуфтугӯҳо дар ин бора аз ду сол қабл идома доранд, аммо то ҳол дар шиносномаҳои онҳо маҳалли зист ноҳияи Рӯдакӣ навишта шудааст.

XS
SM
MD
LG