Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар 6 моҳ аз созмонҳои молии ҷаҳонӣ $300 млн дарёфт кардааст


Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки Миллии Тоҷикистон.
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки Миллии Тоҷикистон.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, "бо ҳадафи дастгирии иқтисодиёти кишвар дар вазъи душвори иқтисоди ҷаҳонӣ дар нимсолаи аввали соли равон", беш аз 300 миллион доллар маблағгузориҳо аз созмонҳои байналмилалии молиявӣ ҷалб карда шудааст.

Тибқи иттилои Дафтари матбуотии Бонки миллӣ, Нуралиев рӯзи 16-уми июл дар як ҷаласаи ин ниҳод гуфтааст, ки аз ҷумла, тавассути Сандуқи байналмилалии пул - 189,5 миллион, Бонки Ҷаҳонӣ - 11,3 миллион, Бонки рушди Осиё - 50 миллион ва Бонки рушди АвруОосиё - 50 миллион доллар ҷалб шудааст.

Оқои Нуралиев ҳамчунин гуфтааст, ки дар оянда ҷалби маблағҳои грантӣ аз Бонки рушди Осиё дар ҳаҷми 52,5 миллион ва аз Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 16 миллион доллар дар назар аст.

Ба қавли ӯ, дар натиҷаи гуфтушунидҳо дар доираи ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо созмони байналмилалии молиявӣ, дар ин давра аз ҷониби Сандуқи Байналмилалии Пул қарзи Бонки миллӣ ба маблағи 11 миллион доллар дар соли 2020 аз эътибор соқит карда шуд.

Ироаи миллионҳо доллар ба иқтисоди Тоҷикистон аз сӯи созмонҳои молии байналмилалӣ дар ҳолест, ки масъулони блоки иқтисодии кишвар таъкид доштаанд, ки дар шароити пандемияи коронавирус ба кӯмаки ташкилотҳои молӣ ниёз доранд.

Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазир дар як нома ба президенти Бонки Осиёи Рушд навиштааст, пандемияи коронавирус иқтисоди Тоҷикистонро дар ҳолати "форс мажор" ё "монеаи муқовиматнопазир" қарор дод ва кишвар ба кӯмак ниёз дорад.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе коршиносон мегӯянд, шаффофияти кӯмакҳои созмонҳои хориҷӣ ба иқтисоди кишвар дар шароити пандемия бояд таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шавад.

XS
SM
MD
LG