Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон доруҳои зиддивирусӣ камчин шудаанд


Дар дорухонаҳои Узбекистон давоми ҳафтаҳои ахир камчин шудани доруҳои зиддивирусӣ мушоҳида мешавад. Дорухонаҳое, ки ин доруҳоро доранд, онро 3-4 баробар гаронтар аз нархи пешин мефурӯшанд.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев низ бо тасдиқи мушкили мавҷуда дастур дод, ки доруҳои мазкурро барои се моҳ захира кунанд.

"Чи қадаре сармоя лозим бошад, медиҳем. Вале вақте дору гарон мешавад, норозигии мардум ба миён хоҳад омад. Мо бояд ин масъаларо таҳти назорати қатъӣ гирем. Бори дигар мегӯям, ки ҳама чизро захира кардаем, ҳар чизе нарасид, аз берун хоҳем овард", - изҳор дошт Мирзиёев.

Сокинони Узбекистон мегӯянд, доруҳои "Арбидол", "Эргоферон", "Лопинавир", "Авиган", "Гидроксихлорохин", ки барои мубталоёни коронавирус тавсия мешаванд, наметавонанд дар дорухонаҳо пайдо намоянд.

Ҳамчунин доруҳои "Азитромитсин", "Плаквенил", "Ремдесивир", "Умифеновир", "Фавипиравир", ки Вазорати тандурустӣ ва Оҷонси санитарӣ-эпидемиологии Узбекистон барои муолиҷаи мубталоёни вирус дар хона тавсия додаанд, дар дорухонаҳои Тошканд камчин шудаанд.

Ҳамчунин сокинон дар пайдо кардани доруҳои "Паратсетамол" ва "Аспирин" бо мушкил рӯбарӯ ҳастанд. Масъулони дорухонаҳои Тошканд мегӯянд, доруҳои мазкур давоми ҳафтаҳои ахир камчин гаштаанд.

XS
SM
MD
LG