Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев вазири беҳдошту шаҳрдори Тошкандро дар робита бо коронавирус сарзаниш кард


Карантин дар Тошканд
Карантин дар Тошканд

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 16 июл вазири беҳдошти кишвар Алишер Шодмонов, шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ва дигар раҳбарони минтақаҳои кишварро барои “нокомӣ” дар бархӯрд бо бӯҳрони коронавирус сарзаниш кард. Мирзиёев рӯзе аз ин пеш дар як ҷаласаи ҳукуматӣ мақомоти шаҳри Тошкандро дар он гунаҳгор кард, ки “назорати вазъ дар пойтахтро аз даст доданд” ва вазоратро дар он гунаҳгор кард, ки стратегияи поинбарии батадриҷи паҳншавии коронавирус дар ҷомеа дар 30 рӯзи ахир вайрон шудааст. Мирзиёев гуфт, ки аз дорухонаҳои маҳаллӣ маводи дорувори бемориҳои роҳҳои нафас гум шуда, нархи дору 800 дарсад афзоиш ёфтааст. Ӯ гуфт, “мардум намедонад, ки барои супурдани тести коронавирус ба куҷо муроҷиат кунад. Дастрасӣ ба ёрии таъҷилӣ мушкил шудааст”. Омори ахир мегӯяд, ки то 15 июл дар Узбекистон 14,581 ҳодисаи олудагӣ, аз ҷумла 71 ҳолати марг ба қайд гирифта шудааст.

Дар Қазоқистон мақомот гуфтанд, ки муовини аввали раиси вилояти Туркистон Қосман Айтмухамедов дар синни 57-солагӣ бар асари COVID-19 ҷон дод. Рӯзи 16 июл президент Қосимжомарт Тоқаев бо имзои дастуре 40 корманди тибро, ки ба ҳангоми табобати беморон аз коронавирус ҷон додаанд, бо медал қадрдонӣ кард. То 16 июл дар Қазоқистон 65,188 ҳолати олудагӣ ва 396 ҳолати марг бар асари COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Дар Қирғизистон рӯзи 16 июл вазири беҳдошт Айнура Ахматова гуфт, ки дар ин кишвар шумори кормандони тиббе, ки ба ҳангоми табобати беморон ба COVID-19 олуда шудаанд, 2,076 нафарро ташкил дод. Президенти ин кишвар Сооронбой Ҷеенбеков рӯзи панҷшанбе ба хонаи як донишҷӯи курси болои донишгоҳи тиббии кишвар рафт, ки баъди 11 рӯзи кори ихтиёрӣ дар ҷабҳаи мубориза бо коронавирус даргузашт. Адинай Мирзобекова рӯзи 13 июл бар асари пневмония даргузашт. Ҷеенбеков ӯро баъди маргаш бо нишон “Барои шуҷоат” қадрдонӣ кард. Дар Қирғизистон то 16 июл 12,498 ҳодисаи олудагӣ, аз ҷумла 167 ҳолати марг бар асари COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG