Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имороти Муттаҳидаи Араб ба Миррих фазопаймо мефиристад


Имороти Муттаҳидаи Араб партоби аввалин киштии кайҳонии худ ба сайёраи Миррихро, ки қарор буд рӯзи сешанбеи 14-уми июл сурат мегирифт, бинобар вазъи номусоиди ҳаво ба таъхир андохт. Таърихи нави партоби ин фазопаймо рӯзи ҷумъаи 17-уми июл муайян шудааст. Ин нахустин талош дар ҷаҳони араб барои дастёбӣ ба фазо хоҳад буд. ​

Хабаргузории "Рейтерз" рӯзи 14-уми июл ба нақл аз дафтари иртибототи давлатии Имороти Муттаҳидаи Араб навишт, ки ин фазопаймо қарор аст аз маркази фазоии "Танегашима" дар Ҷопон ба фазо фиристода шавад. Қарор буд ин киштии кайҳонӣ соати 8:51 дақиқаи шаби сешанбе ба фазо партоб мешуд.

Фазопаймо ё киштии кайҳонии Имороти Муттаҳидаи Араб "Ал-Амал" ё "Умед" номгузорӣ шудааст ва бидуни сарнишин мебошад. Интизор меравад, ки фазопаймои “Умед”-и Имороти Муттаҳидаи Араб моҳи феврали соли 2021 ва ҳамзамон бо панҷоҳумин солгарди таъсиси Имороти Муттаҳидаи Араб ба мадори Миррих бирасад. Агар ин киштии кайҳонӣ бомуваффақият ба Миррих бирасад, маълумотро ба замин хоҳад фиристод.

Ин киштии кайҳонӣ 1350 килограм вазн дорад ва бо мушаки H-2A ба фазо партоб мешавад ва барои хориҷ шудан аз фазои замин ва сафари 55- миллионкилометрии худ бояд ба суръати баробари 40 ҳазор километр дар соат бирасад. Имороти Муттаҳидаи Араб бо кӯмаки мутахассисони амрикоӣ дар шаш соли гузашта тавонист ин киштии кайҳониро тавлид кунад.

Агар ин фазопаймо ба ҳадафи худ бирасад, як соли миррихӣ баробари 687 рӯзи ин сайёраро давр хоҳад зад ва маълумотро ба замин хоҳад фиристод. Соро Ал-Амирӣ, муовини тарҳи партоби мушаки "Умед" ба хабаргузории "Франс-пресс" гуфтааст, ки интизор меравад ин фазопаймо ҳудуди як соат пас аз инфиҷор аз мушаки партоб ҷудо шавад.

Дар моҳи июл Чин ва Амрико ҳам фазопаймоҳои Tianwen-1 ва Mars 2020-ро ба Миррих мефиристанд. Бар хилофи ин ду фазопаймо, "Умед"-и Имороти Муттаҳидаи Араб дар Миррих фуруд нахоҳад омад.

Агар ин маъмуриятҳо тибқи барнома пеш раванд, аввалин фазопаймое, ки ҳафтаи ҷорӣ ба самти Миррих партоб мешавад, аввалҳои соли оянда ба ин сайёра хоҳад расид.

Сабаби интихоби моҳи июл барои анҷоми маъмуриятҳо ба Миррих ин аст, ки дар фосилаи замонии миёнаҳои моҳи июл ва август Замин ва Миррих дар вазъияти муносибе нисбат ба якдигар қарор мегиранд, ки боис мешавад камтарин масофа барои сафар миёни ин ду сайёра эҷод шавад.

Дар ҳоли ҳозир ҳашт фазопаймои фаъол барои Миррих вуҷуд дорад, ки аз ин миён бархе даври ин сайёра мегарданд ва бархе дигар рӯи он фуруд меоянд.

Шарҳҳоро бинед

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG